Дар конфронси ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), ки дар толори конфронси меҳмонхонаи «Хайят-Реҷенси» дар Душанбе доир гардид, президенти амалкунандаи Федератсия Рустами Эмомалӣ дубора ба ин мансаб ба муҳлати то соли 2020 интихоб шуд.
Зимни суханронӣ дар конфронс Рустами Эмомалӣ дастовардҳои футболи тоҷик дар давраи ҳисоботиро қайд намуда, қабули Барномаи рушди футболи Тоҷикистон, соли футболи оммавӣ эълон шудани соли 2014, ғамхорӣ нисбати футбол миёни кӯдакон ва дастовардҳои дастаи футболи «Истиқлол» дар мусобиқаи Ҷоми КФО-2015-ро аз ҷумла ин комёбиҳо арзёбӣ кард.
Ноиби президенти ФФТ Хуршед Файзуллозода ва роҳбари департаменти молиявии Федератсия Нарзулло Бозоров аз натиҷаҳои фаъолияти Федератсия давоми солҳои 2012-2015 ҳисобот дода, вакилони конфронс ин ҳисобтҳоро тасдиқ намуданд.
Хуршед Файзуллозода бахусус кор дар самти такмили ихтисоси мураббиёни футболи тоҷикро зикр карда, изҳор дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ 37 семинарҳои омӯзишӣ гузаронида шуда, 48 мураббӣ иҷозатномаи «А»-и Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) гирифтанд ва шумори мураббиён бо иҷозатномаи «В» ба 75 нафар, дараҷаи «С» - 204 нафар расида, сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон Мубин Эргашев бори нахуст дар таърихи футболи миллӣ ба иҷозатномаи «PRO» -Федератсияи байнулмилалии футболи Аврупо (УЭФА) соҳиб шуд.
Мутобиқи ҳисоботи департаменти молиявӣ, кумакҳои сарпарастон, аъзоҳаққии иштирокчиёни мусобиқаҳо, маблағҳо барои дастгирӣ аз ҷониби ҳукумати ҶТ, КФО ва Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) сарчашмаҳои асосии маблағгузории ФФТ дар ин давра маҳсуб меёбанд. Ин воситаҳо барои омодагии дастаҳои мунтахаби футболи кишвар (бо шумули футзал), дастгирии зербино ва дигар мақсадҳо масраф шудаанд.
Корманди Федератсия Шавкат Аҳмедов дар бораи иловаҳои нав ба оинномаи ФФТ маълумот дода, ҳамаи онҳо якдилона қабул карда шуданд.
Сипас тибқи рӯзномаи конфронс интихоби президенти Федератсия сурат гирифт. Ба ин мансаб хоҳишмандони дигар набуданд, аз ин рӯ номзадии ягонаи Рустами Эмомалиро ҳамаи 64 вакили конфронс ҷонибдорӣ карданд.
Ба ҳайати кумитаи иҷроияи ФФТ бо аксари кулли овозҳо шахсони зерин интихоб шуданд: Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон; Ахтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ; Шоҳрух Саидов, президенти дастаи футболи «Истиқлол» ва мураббиён Шариф Назаров, Муҳсин Муҳаммадиев, Исроил Шарифов, Музаффар Исҳоқов, Фатҳулло Ҷалилов, Бароталӣ Ҳамидзода ва Фарҳод Сайфиддинов.
Қобили зикр аст, ки Рустами Эмомалӣ бори нахуст моҳи январи соли 2012 президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуда буд.




Как школьник из Бохтара пытается сохранить таджикские мозаики
Афиша от «Азия-Плюс»: «3D: Дизайн. Детали. Диджитал», балет «Жизель» и «МартАртМаркет»
Новый номер глянцевого журнала VIPzone снова доступен онлайн
В Таджикистане впервые провели эндоскопическую цистогастростомию без разреза
Почему Таджикистан не перерабатывает кожу: Ответ Министерства промышленности
Торговцы сгоревшего базара в Пенджикенте жалуются на стоимость новых торговых точек
В Душанбе прошла презентация макарон и пасты ARZANDA
Кто будет представлять Таджикистан в чемпионате Узбекистана в новом сезоне?
Скончался самый пожилой ветеран Великой Отечественной войны в Таджикистане Азиз Кодиров
Ким Чен Ын назначил свою 13-летнюю дочь главой ядерных сил КНДР — СМИ
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста