Мураббии шоистаи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон Шариф Назаров, ки моҳи гузашта 70-солагиашро ҷашн гирифтаву бо роҳбарии ӯ дастаи «Помир»-и Душанбе соли 1988 ба Лигаи олии футболи Иттиҳоди Шӯравӣ роҳ ёфта, тими миллии Тоҷикистон соли 2006 Ҷоми даъвати КФО-ро ба даст овард, пас аз танаффуси тӯлонӣ, ба кор дар дастаҳо баргашта, вазифаи сармураббигии дастаи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдатро ба уҳда гирифт.
Президенти дастаи «Хайр» Қутбиддин Хайров дар мусоҳиба ба хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон маълумоти таъини Шариф Назаров ба вазифаи сармураббигии дастаро тасдиқ намудааст.
Дар ин вазифа Исроил Идиев ва мураббии бозигар Мирзобек Мирзоев ба ӯ кумак мекунанд. Шариф Назарови 70-сола аллакай ба иҷрои вазифа шурӯъ намуда, бо дастаи нави худ якчанд тамрин гузаронидааст.
Қобили зикр аст, ки дар даври аввали мусобиқаи 25-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки 8 апрел оғоз мегардад, дастаи «Хайр» дар майдони худ тими «Ҳосилот»-и Фархорро қабул мекунад.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста