Виталий Левченко, ёвари сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов аз ҷониби ФФТ ба мансаби сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони то 19- солаи кишвар таъйин гардид.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» , Левченко ҷавонони мунтахаби Тоҷикистонро ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё-2016, ки аз 13 то 30 октябр дар Баҳрайн доир мегардад, омода мекунад. Ба ӯ Рустам Хоҷаев, Алишер Тӯхтаев ва Амоншо Саодатсайров кумак мерасонанд.
Гуфта мешавад, Виталий Левченкои 44-сола соҳиби таҷрибаи бойи мураббигии дастаҳои мунтахаби ҷавонону наврасонро доро буда, дар ин ҷода дастаҳои мунтахаби Украинаро машқ додааст ва дар иштироки дастаи мунтахаби ҷавонони Украина дар Чемпионати ҷаҳон, ки дар Зеландияи нав баргузор шудааст, кумак намуда, дастаро то бозиҳои 1/8-ниҳоӣ баровардааст.
Баъдан дастаи мунтахаби футболи то 17-солаи ин кишварро соли гузашта дар бозиҳои Ҷоми Аврупо дар Озарбойҷон ҳамроҳӣ кардааст.



ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста