Сомон Маҳмадбеков, варзишгари тоҷики муқими Русия дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо миёни ҷавонон соҳиби медали тилло гардид. Мусобиқа дар шаҳри Аради Руминия баргузор шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Сомон Маҳмадбеков дар вазни -66 кило дар даври муқаддамотӣ бар Костиатин Ноткин (Украина) ва Александр Габлер (Олмон) ғалаба карда, ба даври дигар роҳхат гирифт. Дар даври нимфинал ва финал 2 варзишгари украинӣ – Каро Марандиан ва Олег Овчаренкоро шикаст дода, унвони қаҳрамониро ба даст овард.
Сомон Маҳмадбеков ягона намояндаи Тоҷикистон дар ин мусобиқа буд. Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо миёни ҷавонон бо ширкати 248 варзишгар (156 мард, 92 зан) аз 33 давлат доир гардид. Дар ҳисоби даставӣ варзишгарони кишвари мизбон – Руминия бо 3 медали тилло, 1 нуқра, 10 биринҷӣ сазовори ҷои аввал гардиданд. Мақоми дуюмро Хорватия (2 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ) ва ҷои сеюмро Маҷористон (2 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ) ишғол карданд. Тоҷикистон бо 1 медали тилло дар ҷои 9-ум қарор гирифт.
Сомон дастпарвари мактаби дзюдои Иркутск (Руссия) буда, таҳти назари мураббиёнаш Эргаш Маҳмадбеков ва Фотеҳ Маҳмадбеков тамрин ва дар мусобиқаҳо Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад. Ӯ моҳи апрели соли равон дар Ҷоми Африқо оид ба дзюдо миёни ҷавонон низ ғолиб шуда буд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста