Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври сеюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дастаи Непалро шикаст дод.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», ин бозӣ, 5 сентябр дар шаҳри Катманду баргузор ва бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи Тоҷикистон хотима ёфт.

Голи аввали вохӯриро Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон дар дақиқи 25-ум ва голи дуввумро Дилшод Восиев дар дақиқаи 30-юми рақобат ба ҳадаф расонд. Ягона голи ҷониби Непалро дар дақиқаи 51-ум Бимал Ғартӣ Магар вориди дарвозаи футболбозони тоҷик намуд.

Мунтахаби кишвар дар рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми Осиё-2019 нахустин бозиашро бо мунтахаби Яман анҷом дод. Ин бозӣ бо ҳисоби 1:2 хотима ёфт. Дар бозии дуввум аз дастаи Филиппинро бо ҳисоби 4:3 шикаст хӯрд.

Қобили зикр аст, ки дастаҳои мунтахаби Австралия, Арабистони Саудӣ, АМА, Қатар, Чин, Эрон, Ҷопон, Сурия, Таиланд, Ироқ, Кореяи ҷанубӣ ва Узбекистон мустақиман дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё- 2019, ки дар Амороти Мутаҳидаи Араб мегузаранд, иштирок мекунанд.

Дастаҳои мунтахаби Кореяи шимолӣ, Урдун, Уммон, Лубнон, Фаластин, Қирғизистон, Гон-Конг, Туркманистон, Сингапур, Ветнам, Кувайт, Филиппин, Гуам, Баҳрайн, Афғонистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Малайзия, Камбоҷа, Яман ва Мянма дар бозиҳои гурӯҳии Ҷоми Осиё- 2019 якҷоя бо ғолибони се ҷуфти бозиҳои плей-оффи 1, ҷамъ 24 даста  имсол дар 6 гурӯҳи чордастагӣ барои роҳхат гирифтан ба бозиҳои ниҳоӣ мубориза мебаранд. Дар натиҷа ғолибони гурӯҳ ва соҳибони ҷои дуюм ба қатори 12 дастаи финалист ҳамроҳ мешаванд.

Тақвими бозиҳои боқимонда дар гурӯҳ:

Даври 4-ум

10 октябр (сешанбе)

ТРҶИКИСТОН – Непал

Яман – Филиппин

Даври 5-ум

14 ноябр (сешанбе)

ТОҶИКИСТОН – Яман

Непал – Филиппин

Даври 6-ум

27 марти соли 2018 (сешанбе)

Филиппин – ТОҶИКИСТОН

Яман – Непал