Баъди натиҷагирӣ аз се бозии даври 21-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки ба поён расид, дастаҳои гирандаи медалҳои нуқраву биринҷӣ маълум шуданд.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ки бозиро дар майдони худ бо дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1:1 анҷом дод, бо 37 хол дар ҷадвали мусобиқот мақоми дуюмро касб кард. Футболбозони дастаи «Хуҷанд» таҳти раҳбарии сармураббӣ Рустам Хоҷаев сарфи назар аз натиҷаи бозии охиринашон бо медалҳои нуқра мукофотонида мешаванд.
Гуфта мешавад, дастаи КМВА «Помир»-и Душанбе низ рақобаташро дар майдони худ бо дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 1:1 анҷом дода, бо касби 34 имтиёз сазовори нишони биринҷии Лигаи олии мамлакат гардид.
Зимнан хотиррасон мешавад, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, ки пешакӣ унвони Чемпиони Тоҷикистонро соҳиб шудааст, шашумин бор аст бо медалҳои тилло мукофотонида мешавад.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста