Рӯзи 21 апрел ба муносибати ҷашни Рӯзи пойтахти Тоҷикистон Ниммарафони IX байналмилалӣ баргузор мешавад.
Тибқи қарори раиси пойтахт РустамиЭмомалӣ, ба иштирокчиён дар байни мардону занон, ки зинаҳои аз 1 то 6-умро ишғол мекунанд, дар ҳаҷми аз 13 ҳазору 350 сомонӣ барои зинаи 6-ум то 31 ҳазору 150 сомонӣ (беш аз 3,5 ҳазор доллар) барои зинаи 1-ум мукофотпулӣ ҷудо мешавад.
Ба иштирокчиёне, ки зинаи 2-юмро ишғол мекунанд - 26 ҳазору 700 сомонӣ, зинаи 3-юм - 22 ҳазору 250 сомонӣ, зинаи 4-ум - 17 ҳазору 800 сомонӣ ва зинаи 5-ум - 16 ҳазору 20 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мегардад.
Ниммарафони байнулмилалӣ ҳамасола дар ҷашни Рӯзи пойтахт гузаронида мешавад. Нахустин Ниммарафони байнулмилалӣ дар пойтахти Тоҷикистон ба масофаи 21 км 97,5 метр бо иштироки варзишгарон аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва ҳамчунин марафончиёни беҳтарини кишвар моҳи апрели соли 2010 баргузор шуда буд.
Ниммарафони Душанбе ба тақвими расмии марафонҳои байнулмилалии ҷаҳон шомил гардидааст, ки аз мақомои баланди он гувоҳӣ медиҳад.
Дар ин мусобиқаи варзишӣ ба ҷуз намояндагони Тоҷикистон, маъмулан варзишгарон аз Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Украина, Русия, Афғонистон, Эрон, Канада, Кения, Чин, ИМА, Фаронса ва дигар кишварҳо ширкат меварзанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста