Рӯзи якшанбеи ҳамин ҳафта, 20 май дар Душанбе бори навбатӣ соати 8-и субҳ Рӯзи дави миллӣ доир мегардад.
Иштирокчиёни чорабинӣ аз дарвозаҳои маҳаллаи «Чорбоғ» давро оғоз намуда, тариқи хиёбони Ҳофизи Шерозӣ назди маҷмааи «Наврӯзгоҳ» ба марра мерасанд.
Мувофиқи қарори раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ, аз роҳбарони сохторҳои марбутаи мақомоти давлатӣ, донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт, муассисаҳои таълимӣ, корхонаю ташкилотҳои шаҳри Душанбе хоҳиш карда шудааст, ки ширкати фаъолонаи иштирокчиёнро дар чорабинии варзишии зикргардида таъмин намоянд.
Имсол масофаи Рӯзи дави миллӣ 10 километр муқаррар шудааст. Ғолибон бо медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ мешаванд.
Рӯзи дави миллӣ дар Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола санаи 23 май ҷашн гирифта мешавад, баргузор мешавад.
Ёдрас мекунем, ки Рӯзи дави миллӣ бо фармони президенти Тоҷикистон сар аз соли 2005 ҳар сол якшанбеи севуми моҳи май дар ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ барпо мегардад.
Ғайр аз ин, ба ифтихори ҷашни Рӯзи ҷавонон санаи 19 май дар саросари ҷумҳурӣ баргузории марафони велосипедронон дар назар аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста