Қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ, варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқаи навбатии силсилаи “IAAF Hammer Throw Challenge” сазовори медали биринҷӣ шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқаи 64-ум ба хотираи қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Ҷанус Кусосинскӣ (“Janusz Kusocinski Memorial”) дар шаҳри Чорзуви Лаҳистон (Полша) доир гардид.
Гуфта мешавад, Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 78,18 метр ҳаво дода, ҷои сеюмро ишғол кард. Ҷойҳои аввалу дуюм насиби лаҳистониҳо Войсех Новитский (80.63) ва Павел Файдек (80.04) гардид.
Қайд мешавад, ки силсилаи мусобиқаҳои Ассотсиатсияи байналмилалии варзиши сабук дар соли равон 10 ададро ташкил медиҳад. Якум мусобиқа дар Ямайка доир гашт. Баъдан Осакаи Ҷопон мизбони мусобиқаи варзиши сабук буд (Seiko Golden Grand Prix Osaka-2018), ки Дилшод Назаров бо натиҷаи 75.01 ҷои чорумро ишғол кард. Дилшод Назаров, ҳамчунин дар мусобиқаи “Paavo Nurmi Games” (Финландия) низ ширкат карда, бо натиҷаи 76.16 сазовори ҷои панҷум шуд.
Зикр мегардад, ки феълан дар раддабандии беҳтарин гурандозони ҷаҳон Дилшод Назаров бо 229.35 хол дар ҷои сеюм аст. Павел Файдек (237.41) дар ҷои аввал, Войсех Новитский (236.70) дар ҷои дуюм, Бенс Халаж аз Маҷористон (228.66) дар ҷои чорум, Марсел Ломнитский аз Словакия (222.95) дар ҷои панҷум қарор доранд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста