Қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров дар Ҷоми қораҳои АБФВС (IAAF) медали тилло ба даст овард.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Ҷоми қораҳои Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF Continental Cup) 8-9 сентябри соли равон дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех баргузор гардид.
Гуфта мешавад, Дилшод Назаров дар риштаи гурзпартоӣ бо натиҷаи 77,34 ҷои аввалро ишғол кард. Ҷои дуюм бо натиҷаи 74,22 насиби намояндаи қораи Африқо Мустафо Ал Ҷамоли мисрӣ, ҷои сеюм бо натиҷаи 74,80 насиби намояндаи Аврупо Бонсе Ҳалази маҷористонӣ шуд.
Дар риштаи гурандозӣ 8 варзишгари 4 қора иштирок карданд. Қораи Осиёро, ҳамчунин, қаҳрамони Бозиҳои Осиё-2018 Ашраф Алсайфии қатарӣ намояндагӣ кард. Ӯ бо натиҷаи 74,08 ҷои панҷумро ишғол намуд.
Дар мусобиқа 329 варзишгар аз 78 кишвар, инчунин дар қувваозмоиҳои дав ба масофаҳои 100, 200, 400, 800, 1500, 3000 метр, 3000 метр бо монеа, 110 метр бо монеа, 400 метр бо монеа, ҷаҳиш ба баландӣ, ҷаҳиш бо ходачӯб, ҷаҳиш ба дарозӣ, ҷаҳиши секарата, партоби гулӯла, партоби диск, гурзандозӣ, найзаандозӣ, эстафетаи 4х100 миёни мардону занон ва эстафетаи омехта 4х400 метр қувва озмуданд.
Дилшод Назаров андешаашро дар бобати ғолибияташ чунин баён дошт: “Ман ба Ҷоми қораҳо омодагии хуб дида будам. Ду сабаб боис гардид, ки ман ин ҷо пирӯз шавам. Пеш аз ҳама мехостам ба қораи Осиё ва Уқёнус кӯмак расонам то ҷои беҳтарро дар мусобиқа сазовор гардад. Дуюм, ман дар Бозиҳои Осиё-2018 натиҷаи бад нишон додам ва маро зарур буд, исбот кунам, ки беҳтаринам. Имрӯз ман дар ҳар партоб натиҷаи баландтарро нишон додам, ки техникаи маъмулии ман дар ҳамаи мусобиқаҳо мебошад. Бисёр шодам, ки имрӯз аз уҳдааш баромадам”.
Варзишгароне, ки то ҷои 8-умро ишғол карданд, соҳиби ҷоизаи пулӣ гардиданд. АБФВС барои ғолибон 30000 доллари ИМА, ҷои дуюм 15000, ҷои сеюм 10000, ҷои чорум, 7000, ҷои панҷум 5000, ҷои шашум 3000, ҷои ҳафтум 2000 ва ҷои ҳаштум 1000 доллари ИМА тақдим кард. Дар эстафета барои чор ҷои аввал ҷоиза муқаррар шуд: ҷои аввал – 30000, ҷои дуюм - 20000, ҷои сеюм - 10000, ҷои чорум - 8000 доллари ИМА.
Ёдовар мешавем, ки дар мавсими имсола Дилшод Назаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Бразил медали тилло ва дар Лаҳистон медали биринҷӣ ба даст оварда буд. Ӯ дар 18-ум Бозиҳои Осиё дар Ҷакарта ва Палембанги Индонезия сазовори медали нуқра шуд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста