Варзишгарони тоҷик Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) дар рӯзи сеюми Чемпионати Осиё оид ба дзюдо, ки дар шаҳри Фуҷайраи АМА ҷараён дорад, сазовори медалҳои нуқра гардиданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи милии олимпии Тоҷикистон, Темур Раҳимов, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Арабистони Саудӣ Ракан Саидан, дар чорякфинал бар намояндаи Муғулистон Дууренбайар Улзибайар дастболо шуда, ба нимфинал роҳ ёфт. Ӯ дар нимфинал варзишгари Қирғизистон Лурий Краковетскийро шикаст дод, вале дар финал аз варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Сугмин Ким мағлуб гашт.
Гуфта мешавад, Комроншоҳи Устопириён дар вазни -90кг, ки ду соли гузашта чемпиони Осиё буд, имсол ба гирифтани нуқра мушарраф шуд. Комроншоҳ низ дар даври аввал озод буд. Ӯ сипас бар варзишгарони Ӯзбекистон (Давлат Бобонов), Чин (Ҳебилиҷе Бу), Қазоқистон (Ислом Бозбоев) пирӯз гардида, ба финал баромад, вале дар ин давр аз Косуке Машаямаи ҷопонӣ шикаст хурд ва ҷои дуюмро ишғол кард.
Қайд мешавад, ки 3 варзишгари тоҷик Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни -66кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни +100кг ҷои панҷумро ишғол карданд ва мавқеашонро дар раддабандии олимпӣ беҳтар карданд.
Зикр мегардад, ки варзишгарони дигари мо Акмал Муродов дар вазни -81кг баъд аз пирӯзӣ бар намояндаи Арабистони Саудӣ Ҷобир Алҳазрӣ, дар даври дуюм аз варзишгари Чин Ласай Жа шикаст хӯрд. Саидҷалол Саидов дар вазни -100кг дар даври аввал аз намояндаи Покистон Ҳусайн Шоҳ мағлуб гашт.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста