Аз 23 то 27 августи соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мегардад.
Бино ба иттилои АМИТ “Ховар” бо истинод ба сармураббии дастаи Тоҷикистон оид ба теннис Абдурасул Муҳиддинов, дар мусобиқаи мазкур ҷавонони то 17-сола метавонанд иштирок намоянд.
Гуфта мешавад, айни замон иштироки варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Афғонистон, Туркманистон, Қирғизистон, Покистон ва Россия муайян гардидааст. То ҳафтаи оянда варзишгарони дигар давлатҳо низ барои иштирок дар мусобиқа метавонанд муроҷиат намоянд.
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» cоли даҳум аст, ки дар шаҳри Душанбе доир мегардад. Мақсад аз баргузории он муттаҳидӣ, ягонагӣ ва дӯстӣ миёни варзишгарон мебошад.
Зимнан зикр мегардад, ки мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис 4 рӯз идома меёбад. Дар ҷамъбаст барои ғолибони ҷои аввал 10 ҳазор сомонӣ, ҷои дуюм 8 ҳазор сомонӣ ва ҷои сеюм 5 ҳазор сомонӣ мукофот пешбинӣ шудааст.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста