“Ман дар ҳолати шок қарор дорам”, - чунин шарҳ дод қаҳрамони олимпӣ ҳодисаи барканор шуданашро аз чемпионати ҷаҳон.
“Дар робита ба гумони дар санҷиши допинги соли 2011-и ман ҷой доштани намунаи мусбат ва бо ин сабаб барканор карданам аз иштирок дар Чемпионати ҷаҳон дар Давҳа хеле мутаассиру дар ҳаяҷонам, - посух дод ӯ ба саволи “Азия-Плюс” дар бораи ин қазия. - Бо тамоми масъулият изҳор мекунам, ки ман ҳамеша ҷонибдори варзиши пок буда, ҳамаи ҷоизаҳоям ҳалол ба даст оварда шудаанд! Бо ҳамаи мақомоти марбутаи варзишӣ ҳамҷониба ҳамкорӣ мекунам, то ки бегуноҳиам исбот шавад ва бо ин мақсад адвокати маъруфи аврупоиро ҷалб кардам”.
Назаров гуфт, умедвор аст, ки дар фурсати наздиктарин номи неки худро барқарор карда, боз парчами ватанро дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ боло мебардорад “Умедворам, ки маро дуруст дарк кардаву дастгирӣ мекунед. Алҳол танҳо ҳамин қадар гуфта метавонам”, - иброз дошт варзишгар.
Ёдрас мекунем, ки қаҳрамони олипии соли 2016, гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров бинобар сабаби гумонбарӣ ба вайрон кардани қоидаҳои зидди допинг муваққатан аз иштирок дар чемпионати ҷаҳон барканор карда шуд.
Пас аз санҷиши дубораи допинг дар чемпионати ҷаҳон дар соли 2011 дар Тэгуи Кореяи Ҷанубӣ дар намунаи Дилшод Назаров маводи манъшудаи метаболити туринаболи даҳонӣ ёфт шудааст. Дар ин бора рӯзи 24 сентябр дар сомонаи Мақомоти мустақили мубориза бо падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук (AIU, Athletics Integrity Unit) хабар дода шуд.
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ доданд, ки алҳол ин танҳо гумонбарӣ аст. Айни замон Дилшод Назаров дар Қатар ба чемпионат омодагӣ мегирад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста