Аз 4 то 11 сентябри соли равон дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ баргузор мешавад, ки дар он 80 варзишгари тоҷик аз рӯи 12 намуди варзиш ширкат менамоянд. Дар ин бора, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Манбаъ менависад, ки дар бозиҳо иштироки 1500 варзишгар аз 10 кишвар дар назар аст: Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Россия, Тоҷикистон, Туркменистон ва Ӯзбекистон.
- Дар Бозиҳои аввалини кишварҳои ИДМ варзишгарон барои 184 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 16 намуди варзиш талош мекунанд: бадминтон, баскетбол (3х3), бокс, гуштини камарбандӣ, ҷудо, каратэ, кураш, тенниси рӯи миз, тирпаронӣ, тирпаронии қурс, самбо, гуштини варзишӣ, камонварӣ, муайтай, рақси варзишӣ, футзал ва гимнастикаи бадеӣ. Синни иштирокчиён аз 14 то 23 муайян шудааст, - менависад сомонаи КМО.
Қарор оид ба баргузор кардани Бозиҳои кишварҳои ИДМ дар Қазон 25 октябри соли 2019 қабул шуд ва он бояд соли 2020 доир мегашт. Аммо бо сабаби пандемияи коронавирус вақти он тағйир ёфт.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста