Ҳайати мунтахаби ҷудои Тоҷикистон барои иштирок дар Чемпионати навбатии ҷудои ҷаҳон, ки аз 6 то 13 октябр дар Тошканд баргузор мешавад, муайян шуд.
Тоҷикистонро дар ин чемионат Эмомалӣ Нуралӣ (вазни то 66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода ва Муҳаммадраҳим Сарахонов (то 73 кг), Шодмон Ризоев ва Сомон Маҳмадбеков (то 81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов ва Комроншоҳ Устопириён (то 90 кг), Абӯбакри Акобир (то 100 кг), Тимур Раҳимов (зиёда аз 100 кг) намояндагӣ мекунанд.

Бино ба маълумоти Федератсияи байнулмилалии ҷудо, дар чемпионат беш аз 570 варзишгар аз 86 кишвари саросари дунё ширкат меварзанд.
Рақобатҳо дар 14 дараҷаи вазнҳо - 7-тогӣ байни мардон ва занон, инчунин дар рӯзи охир - мусобқиаи омехта байни дастаҳо баргузор мешаванд.
Ғолибон ва ҷоизадорони чемпионат ба ҷуз медал, бо мукофтпулӣ низ қадрдонӣ карда мешаванд:
барои ҷойи аввал дар ҳисоби инфиродӣ - 26 ҳазор евро, зинаи дуюм -15 ҳазор евро ва ҷойи сеюм - 8 ҳазор евро.
Дар мусобиқаҳои омехтаи даставӣ тими ғолиб ба маблағи 90 ҳазор евро, зинаи дуюм - 60 ҳазор евро ва ҷойи сеюм - 25 ҳазор евро сарфароз гардонида мешаванд.
Дар мусобиқаҳои чемпонати Тоҷикистон Тоҷикистон ҳамагӣ як медал ба даст овардааст: соли 2007 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия Расул Боқиев ба дарёфти медали биринҷӣ дар вазни то 73 кг шарафёб гардид.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста