Криштиану Роналду, футболбози машҳури португалӣ ва капитани дастаи “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ барои бозӣ бо дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон ба Душанбе намеояд. Дар ин бора бошгоҳи “Истиқлол” хабар медиҳад.
Манбаъ бо такя ба маъмурияти бошгоҳи “Ан-Наср” навиштааст, ки Криштиану дар дидор бо “Персеполис”-и Эрон ҷароҳат бардошта ва то ба ҳол шифо наёфтааст.
Телевизиони “Варзиш” менависад, пас аз ҷароҳате, ки Роналду муқобили “Персеполис”-и Теҳрон гирифт, ҳоло пурра саломатиашро барқарор накардааст ва ба ин нигоҳ накарда, дар дербии шаҳри Риёз ба майдон баромад”.
“Бинобар ин сабаб Роналдуро роҳбарияти тим истироҳат додаанд ва дар бозӣ муқобили “Истиқлол” ба Душанбе намеояд. Ҳамин тавр, бо наомадани Роналду орзуи мухлисони зиёди футболи тоҷик, ки хостгори аз наздик дидани бозии ӯро доштанд, ҷомаи амал напӯшид”, - менависад ТВ “Варзиш”.
Манбаъ меафзояд, ки ситораҳои дигари тим Садио Мане, Эмерик Ляпорт, Отавио, Андерсон Талиска ва дигар бозигарон ба Душанбе парвоз карданд ва дар бозӣ муқобили “Истиқлол” ба майдон мебароянд.
Бино ба иттилои маркази матбуотии “Истиқлол”, имрӯз, 4-уми декабр, дар нишасти матбуотии “Ан-Наср” ва “Истиқлол” баргузор мешавад. Ба саволҳои рӯзноманигор сармураббии “Истиқлол” Игор Черевченко ва нимҳимоятгари бошгоҳ Эҳсони Панҷшанбе посух хоҳанд дод. Дар нишасти матбуотӣ аз ҷониби “Ан-Наср” сармураббӣ Луис Кастро ва яке аз бозигарони даста ширкат мекунанд. Номи бозигар гуфта нашудааст.
Пагоҳ, 5-уми декабр бозии даври охири марҳилаи гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё дар гурӯҳи “Е” миёни дастаҳои “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ва “Ал-Наср”-и шаҳри Риёз баргузор мегардад. Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 21:00 оғоз мешавад.
Дар ҳамин ҳол, фурӯши чиптаҳо барои бозии дарпешистода идома дорад. Нархи чиптаҳо аз 100 то 3 ҳазор омони буд. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки мардум имкони баргардонидани чиптаҳои харидаашонро доранд ё на.
Ёдовар мешавем, бозии даври дуюми мусобиқот миёни дастаҳои “Ал-Наср” ва “Истиқлол”, ки 2-юми октябр дар варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк»-и шаҳри Риёз баргузор шуд, бо ҳисоби 3:1 ба нафъи мизбонон хотима ёфта буд.
Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи “Е” дастаи “Ал-Наср” бо касби 13 имтиёз дар мақоми аввал, “Персеполис”-и Эрон бо касби 8 имтиёз дар зинаи дуюм, “Ал-Дуҳайл”-и Қатар бо касби 4 имтиёз дар зинаи сеюм ва “Истиқлол”-и Тоҷикистон бо касби 2 имтиёз дар ҷойгоҳи охирин – чаҳорум қарор дорад. аст.
Ҳамин тариқ, ду дастаи аввал ба марҳалаи баъдӣ буромада, "Ал-Дуҳайл" ва "Истиқлол" аз ҳаққи идомаи мубориза дар даври баъдии мусобиқот маҳрум шудаанд.
Можно ли поменять свою подпись, и как это сделать в Таджикистане?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 8 декабря 2024 года
Как в Таджикистане дискриминируют женщин с маленькими детьми
Президенту Асаду предложили покинуть Сирию на фоне сокрушительного наступления оппозиции
В Госдуме России предложили сажать иностранцев за «оказание помощи противнику»
В Душанбе открыли еще один ресторан KFC – 10-й по счету
В Таджикистане объявили победителей Национальной премии в области электронной коммерции
«Политик работает не для себя, а для народа». Взгляд на 101-летний путь Низорамо Зариповой
Искусство, которое передаёт больше, чем слова. Тайны китайской каллиграфии
Когда и где пройдет Tarona Music Award-2024?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста