Петр Сегрти хорватӣ ба сифати сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон ҳамроҳи даста то даври чаҳорякниҳоӣ расида, таърихсозӣ кард. Пас аз ин ӯ барои истироҳату барқарорсозии неру ба хонааш рафт.
Дар ҳамин ҳол, қарордоди ӯ бо тими мунтахаб ба охир расид. Пеш аз рафтанаш Сегрт изҳор дошта буд, ки дар бораи дароз кардани муҳлати қарордод гуфтушунид мекунад.
Дар ҳамин ҳол, агенти футбол Кова Тилавпур хабар медиҳад, ки ба Петр Сегрт аз Эрон пешниҳод пайдо шудааст.
“Дастаи “Фӯлод” мехоҳад, ки бо Петр Сегрт гуфтушунид кунад, то ки ӯ сармураббии ин тим шавад”, - зикр кард ӯ.
Тибқи маълумоти дигар аз мунтахаби Тоҷикистон, Сегрт тимро хеле дӯст медорад ва ҳамроҳи он натиҷаи муҳимтаринро дар касби мураббигии худ ба даст овард, аз ин рӯ, дар бораи тамдиди қарордод зиёд фикр нахоҳад кард.
“Сегрт аз ҳам аз лиҳози равонӣ ва ҳам ҷисмонӣ хеле хаста шуд, ӯ бояд дам гирифта, бо неруи нав ба кор оғоз кунад. Аллакай моҳи март дар доираи марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2026 ду бозӣ бо Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Дар назар аст, ки Сегрт омада, дастаро ба ин бозиҳо омода мекунад”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки қаблан Петр Сегрт изҳор дошта буд, ки ба ӯ лозим меояд, ки дар бораи ояндаи худ сари қароре ояд.
Қобили зикр аст, ки бо вуҷуди бохт аз Урдун бо ҳисоби 0:1 мунтахаби футболи Тоҷикистон дар аввалин иштирокаш дар Ҷоми Осиё то даври 1/4 финалӣ расид.
“Ба Аврупо барои истироҳат меравам. Каме истироҳат карда, неруямро барқарор кардан мехоҳам. Баъдан, пас аз гуфтугӯ бо Федератсияи Тоҷикистон метавонам ба шумо чизе бигӯям. Футболи Тоҷикистон дар ҳоли рушд аст. Натиҷаҳои мо гувоҳи онанд”, - зикр кард ӯ.
Пас аз мусобиқаи Ҷоми Осиё дар радабандии навшудаи ФИФА мунтахаби Тоҷикистон 7 зина боло рафта, акнун зинаи 99-умро ишғол мекунад.
Пас аз иштироки муваффақона дар мусобиқаи Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби милии Тоҷикистон шумори имтиёзҳояшро дар радабандӣ 23,82 балл зиёд карда, акнун 1218,89 балл дорад.
Ин натиҷаи беҳтарин дар таърихи футболи Тоҷикистон аст.