Тибқи фарзияи портали Transfermarkt, нархи дарвозабони мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон Рустам Ятимов боло рафта, акнун арзиши он дар бозор 1,2 млн евроро ташкил медиҳад. Қаблан ӯ 900 ҳазор евро нарх дошт.

Рустам Ятимов гаронтарин дарвозабон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин дастаи мунтахаби Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ғайр аз ин, Ятимов ба феҳристи 10-гона (ТОП-10)-и гаронтарин футболбозони минтақаи Осиёи Марказӣ шомил гардид.

Аз лиҳози нарх дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон баъд аз дарвозабонон аз Австралия Райан (4 млн евро) ва Ҷопон (Такаока (1,5 млн евро) дар зинаи сеюм қарор дорад.

Боз як зумра дарвозабонони дигар, аз ҷумла Бейранванд ва Осако аз Ҷопон мисли Рустам Ятимов 1,2 млн евро нархгузорӣ шудаанд.

Нархи боз кадом футболбозони тоҷик боло рафт?

Арзиши футболбоз Зоир Ҷӯравбоев 10 ҳазор евро боло рафта, акнун ӯ 700 ҳазор евро нарх дорад.

Нархи футболбозон Ваҳдат Ханонов ва Манучеҳр Сафаров низ 100 ҳазорӣ зиёд шуда, акнун мутаносибан 450 ҳазор ва 350 ҳазор евроро ташкил медиҳад.

Нархи Алишер Шукуров 150 ҳазор афзуда, ба 400 ҳазор ва Ахтам Назаров - 125 ҳазор зиёд шуда, ба 250 ҳазор евро расидааст.

Қобили зикр аст, ки дар мусобиқаи Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон то даври чаҳорякниҳоӣ расида, дар сафи 8 дастаи беҳтарини қораи Осиёи қарор гирифт.

Болоравии нархи футболбозони мунтахабҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз рӯи натиҷаҳои мусобиқаи Ҷоми Осиё:


Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.