Собиқ дарвозабони “Сызран-2003” Олег Баклов, ки айни замон дарвозабони тими “Уфа”аст, дар шаҳри Табошар (вилояти Суғди Тоҷикистон) ба дунё омадаву дар Русия ба воя расидааст, шаҳрвандии Тоҷикистонро соҳиб шуд.
Акнун дарвозабони 29-сола метавонад дар ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон бозӣ кунад. Худи Баклов гуфтааст, шарӯъ аз тобистони ҳамин сол, пас аз анҷоми мавсим дар Лигаи дуюми Русия ба бозӣ дар ҳайати даста омода аст.
Олег Баклов 20 октябри соли 1994 дар Табошар (Истиқлоли ҳозира) ба дунё омадааст. Тарбиятёфтаи дастаи футболи Сизран мебошад. Дар дастаҳои “Сызран-2003”, “Крылья Советов”, “Урал” ва “КАМАЗ” ҳунарнамоӣ кардааст.
Айни ҳол Баклов шарафи дастаи Уфаро дар лигаи дуюми чемпионати Русия ҳимоя мекунад. Аз ӯ ҳамчун як дарвозабони бомаҳорат ном бурда мешавад.
Дар сурати пайвастан ба тими миллии Тоҷикистон ӯ метавонад бо Рустам Ятимов дар як мавқеъ бозӣ кунад ва дар ҳолатҳои зарурӣ ӯро иваз намояд.