Пас аз бозӣ дар Лигаи олии футболи Тоҷикистон бо "Хуҷанд" (0:3) маълум шуд, ки дастаи ноҳияи Рӯдакӣ ба мушкилоти ҷиддии молиявӣ дучор шудааст: он дар остонаи муфлисшавӣ қарор дорад. Дар ин бора як манбаъ аз доираҳои футболи кишвар изҳори назар кард.

"Куктош" метавонад Лигаи олии футболи кишварро тарк ва чемпионат аз як даста маҳрум шавад. Дастаи ноҳияи Рӯдакӣ дар бӯҳрони шадид қарор дорад ва метавонад аз Лигаи олии футболи Тоҷикистон хориҷ шавад," - гуфт манбаъ.

Дастаи футболи "Куктош", ки соли гузашта дар Чемпионати Тоҷикистон ҷои чорумро ишғол карда буд, қаблан низ бо мушкилоти молиявӣ рӯбарӯ шуда буд, вале баъд аз муддате тавонист вазъиятро ба эътидол орад. Ин дафъа кор чӣ гуна ҷараён мегирад, ҳоло номаълум аст.

Бевосита дар худи дастаи “Куктош” дарёфти маълумот дар ин бора муяссар нашуд.

Қобили зикр аст, ки дастаҳои футболи Тоҷикистон тез-тез ба мушкилоти молиявӣ дучор мешаванд.

Акси марбута
Сурат аз ftv.tj

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта тими "Файзканд"-и Восеъ низ ба буҳрон дучор шуд. Ба ҳар ҳол, даста тавонист то охири мавсими 2023 бозӣ кунад ва чемпионатро ба поён расонад. Дар худи даста изҳор дошта буданд, ки чунин мушкилот муваққатӣ буданд. Бо вуҷуди ин, даста натавонист дар ин мавсим дар лигаи олӣ бозӣ кунад ва ба лигаи аввал гузашт.

Чанд мавсим пеш дастаи "Равшан" аз Зафаробод низ мушкилоти зиёд дошт ва муфлис шуда, аввал аз лигаи олӣ хориҷ шуд ва сипас натавонист мавсимро дар лигаи аввал ба охир расонад.

Дастаи "Вахш" низ чунин мушкилот дошт, вале тавонист аз нобудшавии комил пешгирӣ кунад ва ба муассисаи давлатӣ табдил дода шуд.

Дастаи футболи "Хуҷанд" низ чанд мавсим пеш дар остонаи нобудшавӣ қарор дошта, футболбозон чанд моҳ маош нагирифтанд, вале даста мушкилотро ҳаллу фасл кард.

“Ҳосилот"-и Фархор дар мавсими 2016 дар чемпионат ҷои дуюмро ишғол намуда, лекин, дар мавсими соли 2017 бо мушкилоти ҷиддии молиявӣ рӯбарӯ шуд. Футболбозон ба дигар тимҳои Тоҷикистон фиристода шуда, даста чемпионатро бо душворӣ дар зинаи охирин ба поён расонд.

Акси марбута
Сурат аз ftv.tj

Дар мавсими соли 2016 тим "Далерон-Ӯротеппа" низ  натавонист дар лигаи олӣ иштирок кунад ва бо бӯҳрони ҷиддии молиявӣ рӯбарӯ шуд. "Хайр"-и Ваҳдат ва "Парвоз"-и Хуҷанд низ пас аз чемпионати соли 2016 лигаи олиро тарк карданд ва бо душворӣ он мавсимро ба охир расониданд. "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода низ мушкилоти зиёде дошт: футболбозон ба машқҳо намебаромаданд ва беш аз ҳафт моҳ маош нагирифта буданд.

Дар солҳои пешин бисёре аз дастаҳои футболи Тоҷикистон муфлис эътироф гардида, аз байн рафтанд. Аз ҷумла, «Динамо» (Хуҷанд), «Олими Каримзод» (Мастчоҳ), «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов), «Спитамен» (Спитамен), «Ҷавонӣ» (Кӯлоб), «Ҳулбук», «Ранҷбар», «Самар-Умед» (Восеъ), «Данғара», СКА (Қумсангир), «Саддам» (Сарбанд), «Файзалӣ Саидов», «Бахтиёр» (Бохтар), «Хӯҷа Карим», «Сафарбек Каримов» (Хуросон), тимҳои Душанбе - «Ситора», «Динамо», «Варзоб», «Бофанда», «Поиск», БДА, «Хима», «Ориёно», «Гвардия», инчунин «Шодмон», «Фаррух».

Ба гуфтаи мураббии футбол аз Душанбе Валерий Юлдошев, қаблан низ мушкилоти молиявӣ ба қатъи фаъолияти дастаҳо боис гардида буданд.

“Бо сабаби норасоии пул, бисёриҳо маҷбур буданд, ки иловагӣ кор кунанд, бархе аз варзиш рафтанд, - гуфт коршинос. -  Ба фикрам, ҳозир ҳам вазъият он қадр бакуллӣ тағйир наёфтааст, ҳамагӣ 2-3 дасти худкифо буда, вазъияти боқимонда начандон маълум аст”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.