Рӯзи 10 август дар Маскав мусобиқа оид ба муҳорибаҳои омехтаи АСА 178 доир мегардад, ки рақобати асосии он қувваозмоӣ дар вазни гарон байни Евгений Гончаров ва Адам Богатирёв хоҳад буд. Дар ҳамин ҷо варзишгарони тоҷик низ рақобат мекунанд.
Дар худи лига хабар доданд, ки дар яке аз қувваозмоиҳои пешакӣ тоҷикони ду сӯйи Ому - Оятулло Муминов ва Абдул-Карим Бадахшӣ рақобат мекунанд. Оятулло Тоҷикистонро намояндагӣ карда, Бадахшӣ аз ҷониби Афғонистон ба қувваозмоӣ мебарояд.
Пас аз эълони рақобат мухлисони тоҷик аз ноиби президенти АСА Аслонбек Бадаев даъват карданд, ки ин қувваозмоӣ бекор карда шуда, барои онҳо ҳарифони нав дарёбанд. Аз худи варзишгарон хоҳиш шуд, ки аз ин рақобат даст кашанд.
Аслонбек Бадаев изҳор дошт, ки онҳо медонистанд, ки ин ду тоҷик муқими кишварҳои гуногун буда, тибқи қарордод, бояд ҳарду рӯзи 16 август дар Маскав ҳунарнамоӣ кунанд.
“Барои Муминов ва Бадахшӣ дигар ҳарифони аз рӯи сатҳ муносиба набуд, ҳарчанд номзади Масъуд Замонов ҳам зикр шуд, лекин ӯ ҳам тоҷик аст, - гуфт ӯ. - Онҳо метавонистанд баъдтар рақобат кунанд, лекин тасмим гирифтанд, ки дар моҳи авгугст қувваозмоӣ мекунанд”.
Зимни суҳбат бо «Metaratings» Бадаев изҳор доштааст, ки бисёриҳо менависанд, ки “ин қувваозмоӣ бекор шавад, лекин мо нақшаву интизориҳои худро дорем”.
Дар тӯли ҳунарнамоии худ Бадахшӣ 7 ғалабаву 2 бохт ва Муминови 23-сола 12 ғалабаву 4 бохт доранд.
Дар доираи ин мусобиқа ҳамчунин Аъзам Ғаффоров аз Тоҷикистон бо Қурбон Ҳоҷиев аз Русия рақобат мекунад. Ин даври нимфиналии Гран-прии АСА 178 дар Маскав аст. Ғолиби ин қувваозмоӣ дар финал бо Азамат Пшуков рақобат хоҳад кард
Ҳамчунин қуваозмоии навбатии худро дар Маскав намояндаи Тоҷикистон Давлат Чӯпонов баргузор мекунад. Ӯ ба муқобили варзишгар аз Қирғизистон Шерғозӣ Кенжебеков ба толор мебарояд. Дар ин мусобиқа рақобатҳои зерин пешбинӣ шудааст:
Кард (рақобатҳо)-и асосии мусобиқа
Евгений Гончаров (20-3) Русия - Адам Богатирев (9-3) Русия
Қурбон Ҳоҷиев (19-3) Русия - Аъзам Ғаффоров (15-3) Тоҷикистон
Ҳоҷимурод Хиромагомедов (11-4) Русия - Рене Пессоа (25-10) Бразилия
Руслан Шамилов (12-5) Русия - Тилек Машрапов (12-5) Қирғизиситон
Карди пешакӣ
Виталий Слипенко (16-5) Русия - Винисиус Круз (10-4) Бразилия
Анатолий Бойко (10-1) Русия - Узаир Абдураков (17-1-1) Русия
Беҳрӯз Зуҳуров (16-6) Тоҷикистон – Глеб Хабибуллин (9-1-2) Русия
Анис Ёқубов (8-1) Тоҷикистон - Сайгид АБдулаев (7-2) Русия
Давлатманд Чӯпонов (10-5) Тоҷикистон - Шерғозӣ Кенжибаев (5-3) Қирғизистон
Оятулло Муминов (12-3) Тоҷикистон - Абдул-Карим Бадахшӣ (7-2) Афғонистон
Данияр Тойчубек (8-0) Қирғизистон - Александро Прайя (10-3) Бразилия
Искандар Мамадалиев (4-1) Тоҷикистон - Николай Алексахин (25-7) Русия.