Субҳи имрӯз варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои олимпии Порис-2024 иштирок доштанд, ба ватан баргаштанд. Онҳоро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе шахсони расмӣ ва таҷаммӯи мухлисон пешвоз гирифтанд.

Аз 14 варзишгаре, ки Тоҷикистонро дар мусобиқот намояндагӣ карданд, се нафар – Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов аз риштаи ҷудо ва Давлат Болтаев аз риштаи муштзанӣ соҳиби нишони биринҷӣ шуданд.

Ин бори аввал аст, ки Тоҷикистон дар як Бозиҳои олимпӣ соҳиби се медал мешавад.

Қаҳрамонҳои худро Тоҷикистон чӣ гуна пешвоз гирифт, дар навори зерин тамошо кунед:

 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.