Тими миллии футзали Тоҷикистон дар нахустин рақобати худ дар Ҷоми ҷаҳони футзал аз мунтахаби Марокаш шикаст хӯрд.
Ин рақобат дар доираи даври аввали марҳилаи гурӯҳии мусобиқа дар маҷмааи варзишии “Ҳумо Арена”-и шаҳри Тошканд баргузор гардида, бо натиҷаи 2 бар 4 ба нафъи Марокаш анҷом ёфт.

Голи аввалин ва таърихии Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳони футзалро Самандар Ризомов, бозигари дастаи “Соро компания” ба ҳадаф расонд. Файзалӣ Сардоров, ҳамдастаи Самандар голи дуюми дастаи моро вориди дарвозаи рақиб кард.
Пас аз ин шикаст Тоҷикистон дар зинаи сеюми гурӯҳи “Е” қарор гирифт. Садрнишини ин гурӯҳ мунтахаби Пуртуғол (Португалия) аст, ки бо натиҷаи бузурги 10 бар 1 Панамаро шикаст дод. Миллипӯшони Марокаш дар зинаи дуюм ҷо гирифтанд.

Футзалбозони тоҷик дар даври дуюми бозиҳои гурӯҳӣ рӯзи 19-ум сентябр ба масофи Пуртуғол мераванд.
Бояд гуфт, ки даҳумин мусобиқоти Ҷоми ҷаҳони футзал аз 14-уми сентябр то 6-уми октябри соли ҷорӣ дар се шаҳри Ӯзбекистон – Бухоро Тошканд ва Андиҷон баргузор мегардад.
Дар асоси қуръакашии Ҷоми ҷаҳон-2024 дастаҳо ба шаш гурӯҳ, иборат аз чаҳор дастаӣ ҷудо карда шуданд. Мунтахабҳое, ки дар даври гурӯҳӣ зинаҳои аввал ва дуюмро соҳиб мешаванд ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарини зинаҳои сеюм ба марҳилаи финалӣ роҳ меёбанд.
Тоҷикистон барои аввалин бор дар таърих дар ин мусобиқа иштирок мекунад. Тими миллии футзали кишвар баъди баромадан ба даври нимниҳоии Ҷоми Осиё ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифта буд.
Дар он мусобиқот шогирдони Пайрав Воҳидов бозии хуб нишон дода, то марҳилаи нимфиналӣ баромаданд, аммо дар ин марҳила аз Ӯзбекистон шикаст хӯрданд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста