Федератсияи байнулмилалии футбол (FIFA) феҳристи доваронеро, ки соли 2025 дар бозиҳои байналмиллалӣ ҳакамӣ мекунанд, нашр кардааст.
Теъдоди доварони тоҷик дар ин рӯйхат нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфта, аз 14 нафар ба 17 кас расидааст.
Аз ин миён 6 довари FIFA, 8 ёвари доварони FIFA ва 2 каси дигар доварони FIFA дар риштаи футзал ҳастад.
Ҳамчунин, 2 довар аз Душанбе – Гулмуроди Саъдулло ва Зуҳал Худҷаназарова ба рӯйхати видеодоварон (VAR) шомил гардида, ҳуқуқи қазовати бозиҳои байналмилалиро ҳамчун VAR пайдо кардаанд.
Ҳайати доварони байналмилалӣ FIFA аз Тоҷикистон:
Доварони FIFA:
Гулмуроди Саъдулло (Душанбе)
Насрулло Кабиров (Норак)
Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе)
Абдулло Давлатов (Шаҳринав)
Амирҷон Хоркашев (Душанбе)
Нодира Мирзоева (Душанбе)
Ёрдамчиёни доварони FIFA:
Акмал Буриев (Турсунзода)
Хусрави Сиддикзод (Душанбе)
Хасан Каримов (Норак)
Вафо Қараев (Шаҳринав)
Фарҳод Куралов (Душанбе)
Исмоил Нуралиев (Норак)
Ғайрат Рузибоев (Шахринав)
Дилшод Раҳмонова (Душанбе)
Довари FIFA дар риштаи футзал:
Сӯҳроб Сатторов (Турсунзода)
Сафаралӣ Маҳмадизода (Душанбе)
Ҳакамҳои видеодоварон (VAR)-и FIFA:
Гулмуроди Саъдулло (Душанбе)
Зуҳал Хуҷаназарова (Душанбе)
Тибқи маълумоте, ки барои соли 2024 нашр шудааст, ҳакамҳои тоҷик барои ҳамкасбони худ аз минтақа рақобати қавианд. Масалан, Эронро 33 ҳакам, Ӯзбакистон - 29, Қазоқистон - 21, Қирғизистон - 17, Туркманистон - 15 ва Афғонистон - 5 ҳакам намояндагӣ мекунанд.
Қаблан ФФТ хабар додла буд, ки Гулмуроди Саъдулло, ки довари ФИФА (FIFA) аз Тоҷикистон аст, бозии даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро ҳакамӣ мекунад.
Ӯ якҷо бо дастааш дар бозии даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «С» миёни дастаҳои мунтахаби Чин ва Арабистони Саудӣ, ки 10 сентябр дар шаҳри Даляни Чин баргузор мешавад, сардовар таъин шудааст.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста