Дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар рақобат бар муқобили тими “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир шуд, ба бохти калон рӯ ба рӯ гардид.
Ин бозӣ дар доираи даври 5-уми Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё дар гурӯҳи “D” сурат гирифта, бо натиҷаи 4:0 ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфт. Голҳои “Ан-Наср”-ро Жоау Феликс, Муҳаммад Симакан, Садио Мане ва Айман Яҳё заданд.
Сараввал, Жоау Феликс, ҳамлагари пуртуғолии дастаи арабӣ дар дақиқаи 12-ум аз ҷаримаи 11-метра ё пеналтӣ ҳисобро боз кард. Баъдан 5 дақиқа қабл аз поёни қисми аввали бозӣ Муҳаммад Симакан бори дуввум ба дарвозаи “Истиқлол” гол зад.
Садио Мане дар дақиқаи 84-ум бори сеюм ва Айман Яҳё дар дақиқаҳои иловагӣ (90+2) маротибаи чаҳорум дарвозаи истиқлолро рахна кард.
Пас аз ин бохт, мавқеи “Истиқлол” дар гурӯҳи “D” тағйир наёфт ва дастаи кишвари мо бо 6 хол дар зинаи сеюм боқӣ монд. Тими “Ан-Наср” баъди ин ғалаба шумораи имтиёзҳояшро ба 15 адад расонида, мавқеашро дар садри ҷадвали гурӯҳ қавӣ кард. Ин даста аллкай аз зинаи аввал ба даври ҳазфӣ (плей-офф) роҳхат гирифтааст.
Дар бозии дигари гурӯҳи “D” шаби гузашта дастаи “Аз-Завра”-и Ироқ дар майдони худ “Гоа”-и Ҳиндустонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. Ҳамин тариқ, ҳоло аз гурҳи “D” танҳо “Ан - Наср” ба давраи баъдӣ роҳ ёфтааст. Тақдири роҳхати дуюми гурӯҳи “D” баъди анҷоми бозиҳои даври охир муайян мешавад.
Бодя гуфт, ки "Истиқлол" дар бозии қаблӣ аз "Ан-Наср" бо ҳисоби 5:0 мағлуб гашта буд. Ин дидор моҳи сентябр дар шаҳри Риёз баргузор гардид.
“Истиқлол” дар бозии охирини марҳилаи гурӯҳӣ рӯзи 24-уми декабр дар сафар бо “Гоа” мубориза мебарад. Дар ҳамин рӯз “Ан-Наср” дар майдони худ “Аз-Завра”-ро қабул мекунад.
Ягона имкони “Истиқлол” барои баромадан аз гурӯҳ пирӯзӣ дар баробари “Гоа” ва умед бар он аст, ки “Ан-Наср” дар рақобат бо “Аз-Завра” шикаст нахӯрад. Фарқияти голҳо (-7) вазъро душвор мегардонад, аммо тавозуни нерӯҳо ба "Истиқлол" имкон медиҳад, ки ба гирифтани роҳхати марҳилаи ҳазфӣ умедвор бошад.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста