Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти “Тоскулоҳи бузург”-и Порис 2026 (Paris Grand Slam 2026) бо медали биринҷӣ ва ҷоизаи “Ситораи дар ҳоли тулӯъ” бармегардад.
Ин аввалин медал дар таърихи ҷудои Тоҷикистон дар мусобиқаҳои “Тоскулоҳи бузург”-и Порис (Париж) мебошад.
Муҳиддин Асадуллоеви 19-сола дар рӯзи аввали мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург”-и Порис дар вазни то 73 кило, ки дар даври якум озод буд, дар даври дуюм намояндаи Испания Антон Шуҳалиевро мағлуб кард.
Дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ бар ҷудокори мизбон Петер Ҷеан дастболо шуд, вале дар чаҳорякниҳоӣ аз Мануел Ломбардои итолиёӣ мағлуб шуд.
Дар даври тасаллобахш Асадуллоев бар Йессет Куанов аз Қазоқистон пирӯз шуда, дар мубориза барои ҷойи сеюм Даййан Боулемтафеси мизбонро шикаст дод ва соҳиби медали биринҷӣ шуд.
Дар ин вазн Маҳмадбек Маҳмадбеков, тоҷикписаре, ки аз дастаи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ намояндагӣ мекунад, барандаи медали тило шуд.
Пас аз ин муваффақият, Федератсияи байналмилалии ҷудо ба Муҳиддин Асадуллоев ҷоизаи “Ситораи дар ҳоли тулӯъ”-и соли 2025-ро тақдим кард. Ин ҷоиза рӯзи 8-уми феврал пас аз анҷоми “Тоскулоҳи бузург”-и Порис ба ҷудокори тоҷик супурда шуд.

Бояд зикр кард, ки Муҳиддин Асадуллоев қаҳрамони ҷаҳон байни ҷавонон аст.
Ҳамчунин, се паҳлавони дигари тоҷик, ки дар ин мусобиқа иштирок доштанд - Абубакр Шеров (-81 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-90 кг) ва Абубакри Акобир (-100 кг) ба мубориза натавонистанд соҳиби медал шаванд.
Се ҷудокори дигари тоҷик - Меҳрзод Суфиев (-60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг) ва Абубакр Боқиев (-81 кг) ба далели нагирифтани раводид дар “Тоскулоҳи бузург”-и Порис ширкат карда натавонистанд.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург”-и Порис 488 ҷудокор (299 мард ва 189 зан) аз 78 кишвар ҳунарнамоӣ мекунанд.
Маблағи умумии он 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро мукофотонида мешаванд.
Инчунин ғолибону ҷоизадорон ва ширкаткунандагони ин мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби имтиёзҳо дар радабандии инфиродии ҷаҳонии ҷудо мешаванд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста