Мақомоти пулиси Туркия зимни баргузории чорабиниҳои махсус дар марз бо Сурия рӯзи 12 майи соли ҷорӣ ҷавонеро боздошт намуд, ки ба номи шаҳрванди Тоҷикистон Ҳидоятулло Давлатови 28-сола шиноснома дошт.
Боздоштшуда, ки нияти пайвастан ба сафҳои ҷангиёни Давлати исломиро дошт, ба ихтиёри хадамоти махсуси Тоҷикистон супурда шуд.
Бино ба маълуоти сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон, дар натиҷаи ба роҳ мондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии иловагӣ муайян карда шудааст, ки боздоштшуда шаҳрванди Қирғизистон Кобилжан Уғли Хусанбой, соли таваллудаш 1994, миллаташ ӯзбек, зода ва сокини вилояти Ош, шаҳри Узген, кӯчаи Ором-7 буда, шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистонро ғайриқонунӣ истифода бурдааст.
Гуфта мешавад, бид ба ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.