Чин ба Тоҷикистон ба сифати грант 230 млн. доллар ва ба сифати қарзи имтиёзнок 79 млн. доллар маблағ ҷудо мекунад. Чунин аст натиҷаҳои асосии сафари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Чин.
Дар доираи Созишномаи санаи 1 сентябр баимзорасида миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Чин дар бораи ҳамкории техникӣ ва иқтисодӣ оид ба ҷудо гардидани кумаки бебозгашт ҷониби Чин ба Тоҷикистон барои сохтмони маҷмааҳои нави бинои парлумон ва ҳукумат дар ҳаҷми 1,5 млрд. юан (230 млн. доллар) грант ҷудо мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.
Ғайр аз ин, Пекин ба Душанбе барои сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқ дар ноҳияҳои тобеи марказ ба сифати қарзи имтиёзнок 79 млн. доллари дигар ихтисос медиҳад.
Аксари коршиносони тоҷик сафари кунунии Эмомалӣ Раҳмонро ба Чин хеле пурмаҳсул арзёбӣ мекунанд. Аз рӯи натиҷаҳои сафари давлатӣ байни Тоҷикистону Чин дар маҷмӯъ 24 санади ҳамкорӣ ба имзо расид. То ин замон заминаи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкории кишварҳо беш аз 200 санадро дар бар мегирифт.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 1 сентябр аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин 13 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Ҳамчунин байни ширкатҳои Тоҷикистон ва Чин низ як қатор созишномаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ба тасвиб расиданд.