Аҳрор Мустафоқулов, муҳоҷири кории тоҷикро як маъмури пулиси Маскав баъд аз гирифтани 105 ҳазор рубли лотореяаш талош дорад, ки аз Русия ихроҷ намояд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, муҳоҷири 37-солаи тоҷик айни замон дар боздоштгоҳи “Сахорово” қарор дошта, мақомоти Русия ӯро ба нақзи муқаррароти иқомат муттаҳам мекунанд.

Мустақофулов рӯзи 17-уми ноябр дар сӯҳбати телефонӣ аз боздоштгоҳи "Сахарово" ба Радиои Озодӣ гуфтааст, аввали моҳи октябр барои гирифтани бурди билети лотореяаш, ки 105 ҳазор рубл буд, ба идораи “Сто лото” мерафт, вале дар роҳ маъмурони пулис ӯро боздошт карданд. “Маро ба идораи пулиси "Отрадное" бурданд. Санаи сабти иқоматам тамом шуда буд ва нозири пулис Илдар Эмилевич ҳамаи чизҳои маро мусодира кард. Ман дар ҳамон ҷо гуфтам, ки билети лото гум нашавад, чунки он бурднок аст. Дар пушти билет рамзи бурдро, ки ба рақами телефонам тариқи СМС омада буд, навишта монда будам”, - нақл кардааст ӯ.

Аҳрор Мустафоқулов барои лағви ҳукми ихроҷ ва бозпас гирифтани бурди лотореяаш ба Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқ ва вакили дифои тоҷик муроҷиат кардааст. Каримҷон Ёров ба Радиои Озодӣ гуфтааст, маъмури пулиси Русия зимни боздошти Аҳрор ба қонуншиканӣ роҳ дода, ба муҳоҷири тоҷик таҳдид кардааст, ки дигар ба назди ӯ наояд.

"Вақте Мустафоқулов ба идораи пулис бармегардад ва аз маъмури пулис бозгардони билети лоторо талаб мекунад, ӯ таҳдид мекунанд, ки дигар бо ин дархост ба онҷо наояд. Вақте мо ҳамроҳ ба идораи пулис рафта протоколи мусодираи ашёи боздоштшударо дархост кардем, дар он ҷо билети лото зикр нашуда буд", - гуфтааст Каримҷон Ёров ба Радиои Озодӣ.

Вакили дифои тоҷик дар идомаи сӯҳбат изҳор доштааст, ки ҳамроҳ бо Аҳрор Мустафоқулов ба идораи “Сто лото” рафтанд ва бо нишон додани рамзи бурд хостанд, пули лотереяро бигиранд. Кормандони идораи “Сто лото” гуфтаанд, ки муҳоҷир бояд ҳисоби бонкиро пешниҳод кунад, то маблағи бурд ба он интиқол дода шавад. Ба қавли Ёров, рӯзи 5-уми октябр кормандони "Сто лото" ба онҳо итминон доданд, ки ҳеҷ кас пули Мустафоқуловро гирифта наметавонад.

"Мо рӯзи 17-уми октябр ба идораи ширкат рафтем, вале дар он ҷо гуфтанд, рӯзи 10-уми октябр маблағи лотореяи гирифта шудааст. Ба мо ҳамон билетеро, ки корманди пулис аз Аҳрор гирифта буд, нишон доданд" - гуфтааст Каримҷон Ёров.

Вакили дифои тоҷик ҳамроҳи соҳиби лотерея ба маъурияти «Сто лото» ариза навиштанд, ки чаро бурди ӯро бидуни таҳқиқ ва пурсиши рамзи махсус ба каси дигар додаанд. Ҳоло мунтазири шарҳи ширкати “Сто лото” ҳастанд.

Вакили дифои тоҷик гуфтааст, ки ҳоло маъмури пулис, пули муҳоҷирро аз худ кардааст, талош дорад, Мустафоқуловро ҳарчӣ зудтар аз қаламрави Русия ихроҷ кунад, то ӯ дигар даъво пеш оварда натавонад.