Дар рӯзҳои аввали Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон барои ташвиқу тарғиб ва бештар муаррифӣ намудани таъриху фарҳанги миллӣ ва пешниҳоди маълумоти дурусту саҳеҳ ба сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ, нахустин Маркази муосири иттилоотии сайёҳӣ таъсис ва ба фаъолият оғоз кард.
Тавре аз Кумитаи мазкур хабар доданд, ин марказ бо таҷҳизотҳои муосири иттилоотӣ аз қабили телевизорҳои плазмавӣ, планшетҳо ва ноутбукҳо таҷҳизонида шуда, маводҳои иттилоотии сайёҳӣ, армуғонҳо барои сайёҳон ва дигар маводҳоро фарогир мебошад.
Планшетҳо ба шабакаи интернет пайваст буда, фарогири тамоми иттилооти зарурӣ оид ба имкониятҳои сайёҳии кишвар, таъриху фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳу табобатгоҳҳо, истироҳатгоҳҳо, иқлим, ҳунарҳои дастиву армуғон ва дигар маълумотҳоро дар бар гирифта, ба меҳмонон маълумоти дуруст ва саҳеҳро пешниҳод менамояд.
Ҳадаф аз ташкил намудани маркази мазкур хизматрасонии машваратию иттилоотӣ ба сайёҳон ва ҷалби бештари сайёҳон арзёбӣ гардида, барои рушди соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар маркази иттилоотӣ доир ба харитаи хатсайрҳои сайёҳӣ, осоишгоҳ ва табобатгоҳҳо, ҳунарҳои мардумӣ, меҳмонхонаҳо кишвар маълумоти муфассал ва роликҳои таблиғотиву буклетҳои иттилоотӣ дарёфт кардан мумкин аст.



ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста