Вазорати мудофиаи Русия бобати пешгирии вуруди ҷангиён аз музофотҳои шимолии Афғонистон ба қаламрави иттифоқчиён дар СААД дар Осиёи Марказӣ тадбирҳо меандешад, изҳор дошт вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу.
Тавре РИА Новости менависад, ин изҳорот аз ҷониби Сергей Шойгу зимни суханрониаш дар машварати вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Пекин садо додааст.
«Бо ин мақсад омодагии ҷангии пойгоҳҳои низомиро дар Тоҷикистон ва Қирғизистон тақвият медиҳем, онҳоро бо силоҳи муосир ва техникаи ҳарбӣ муҷаҳҳаз мегардонем. Дар таҳкими имконоти ҷангии нерӯҳои ҳарбӣ ва тарҳрезии истифодаи муштараки онҳо ба шарикон дар минтақа кумак мекунем», - қайд кардааст Шойгу.
Вазири мудофиаи Русия хотиррасон кардааст, ки моҳи марти соли равон дар Тоҷикистону Қирғизистон машқҳои зиддитеррористии фармондеҳӣ-ситодӣ гузаронида шуданд.
«Моҳи сентябр бо ҷалби сохторҳои гуногуни қудратӣ баргузории тамрини муштараки «Иссиқкӯл - Зиддитеррор-2018» дар назар буда, моҳи октябр бо нерӯҳои дастаҷамъонаи СААД як қатор машқҳо доир мегарданд. Онҳо аз рӯи нақшаи ягона пайдарҳам дар Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон барпо мешаванд», - иброз доштааст ӯ.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста