Дар ҷашни 24-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистон дар ҳамаи боғҳои фарҳангу истироҳати пойтахт чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ, консертҳои устодони санъат ва намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ доир мегарданд.
Мувофиқи қарори раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ, аллакай пагоҳ, 2 ноябр дар Душанбе ба ин муносибат маҷлиси тантанавӣ баргузор мешавад, ки ба он собиқадорони хизмати давлатӣ, олимону шоирону нависандагон, ҳамчунин намояндагони аҳли ҷомеаи пойтахт даъват шудаанд.
Гуфта мешавад, дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ дар пойтахт таҳти унвони “Конститутсия – сарчашмаи соҳибистиқлолии миллат ва пойдории давлати миллӣ” конференсияи илмӣ-назариявӣ барпо шуда, баҳри дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани он аз ҳисоби фонди захиравии раиси пойтахт наздики 11 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мешавад.
Ҳамчунин бо қарори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ба муносибати ин ҷашн байни хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар мавзӯи “Конститутсияи Тоҷикистон дар тақдири насли ман” озмуни иншонависӣ гузаронида шуда, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.