Сайфулло Сафаров аз вазифаи муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сабукдӯш гардид.
Дар матни Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз, 5 феврал таҳти №АП-1163 содир гардид, омадааст: “Сайфуллои Сафар Саъдуллозода бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад”.
Сайфулло Сафаров зимни як суҳбати кӯтоҳ ба “Азия - Плюс” гуфт, ки “Амри Президент барои ӯ волост ва аз он хушҳол аст, ки бо сари баланд ба нафақа баромадааст”.
Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки “акнун барои анҷоми корҳои илмӣ ва ҷамъиятӣ вақте бештар пайдо хоҳад кард”.
Сайфулло Сафаров дар ин мақом аз 11 майи соли 2012 фаъолият дошт. Ба ҷойи ӯ Парвиз Муҳаммадзода таъйин гардид.
Ҳамчунин, имрӯз, 5 феврал бо Амри Президент Худобердӣ Холиқназар аз вазифаи директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба ҷойи ӯ Диловар Кодирзод таъйин карда шуд.
Фарида Муминова, муовини дигари директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо Амри Президент аз вазифа озод гардид.
Бо сабаби ба нафақа баромадан, бо фармони Президент аз вазифаи Сафири фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Эрон Неъматулло Эмомзода озод карда шуд.
Насриддин Исматулло аз вазифаи муовини вазири корҳои хориҷии ҶТ озод ва ба вазифаи сафири Тоҷикистон дар Покистон таъйин гардид.
Ҳамчунин, муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадотии КДАМ-и Тоҷикистон Баҳриддин Мирзоев аз вазифа озод ва ба ҷойи ӯ Абдусаттор Шоҳиён таъйин карда шуд
Абдукарим Зарифзода низ аз вазифаи муовини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия озод гардид.
Инчунин, дар як қатор сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Гениальный сатирик. Аловуддина Абдуллоева нет, но память о нем жива
«Когда работаешь с людьми, нужно идти к ним с добротой». Памяти Махкама Аслонова
В Душанбе открыли мультибрендовый магазин Urban Plaza
В Туркменистане миллионные призовые «Аркадага» отдали на благотворительность — футболисты остались без поддержки
Зеленский прилетел в Турцию, Путин нет. Что сказал Трамп?
Андрей Рогачев о секретах мультикультурного менеджмента и культурного интеллекта в бизнесе
Как не убить соседа, что мешает спать? Что такое шумовая агрессия и как с ней бороться
Милиция Душанбе усиливает контроль за парковкой возле мусорных площадок
Таджикистанец Сарвар Хамидов дождался нового соперника в лиге PFL
В Душанбе на линии выйдут 30 электробусов отечественной сборки
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста