Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гӯшаи иттилоотӣ барои сайёҳон боз шуд, ки хоҳишмандон матавонанд дар бораи Тоҷикистон маълумот дастрас намоянд.
Гӯшаи мазкур дар доираи таҷлили Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимиятӣ давлатӣ дар шаҳри Душанбе ташкил карда шуд, менависад сомонаи расмии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе.
“Минбаъд меҳмонону сайёҳони дохиливу хориҷӣ метавонанд аз ин гӯшаи иттилоотӣ дар бораи минтақаву мавзеъҳои тамошобоб, имкониятҳои сайёҳиву гардишгарии Тоҷикистон, истироҳатгоҳу осоишгоҳҳои кишвар, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва фароғатӣ маълумоти кофӣ бигиранд”,- гуфта мешавад дар хабар.
Гӯшаи мазкур ба таври шабонарӯзӣ фаъол буда, дар он бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ барои хоҳишмандон маълумот пешниҳод карда мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.