Имрӯз донишманди барҷастаи тоҷик, академик Акбари Турсон 80-сола шуд. Хабарнигори “Asia-Plus” бо соҳибҷашн тамос гирифтаву дар се бахш мусоҳиба анҷом дод.
Ҳакимони ҷаҳонро мижа хунполост...
- Одатан ба корномаи шахс дигарон баҳо медиҳанду онро куллан ҷомеа қадр мекунад. Умри 80-солаамро ҷамъбаст карда (андаряк шаст соли умрам ба кори илмӣ сарф шудааст), бо итминони комил як чизро дақиқан гуфта метавонам, ки фориғ аз иқдоми худситоӣ ё гуноҳшӯйӣ бувад.
Як чиз мояи ифтихори ман (ва умедворам, ки авлодам ҳам) мебошад: ҳар куҷое ба коре машғул шуда бошам, ҳеҷ гоҳ, ба қавле, сарам-дилам кор накардаам, суди шахсӣ наҷустаам (ба истилоҳи имрӯза, ба коррупсия роҳ надодаам!). Чунончи мукофот ё ҷоизае на таваққӯъ кардааму на тамаллуқ! Ҳатто барои кори ақлониам ҳаққи қалам талаб накардаам.
Ҳар куҷое ба шуғле пардохта бошам, қуввати ҷисмонию қудрати ақлониамро ба якҷо ҷамъ карда, заҳмат кашидаам.
Ва низ камоли ифтихори банда аст, ки ҳеҷ гоҳ ба умеди гирифтани подоше аз ягон кас ё қадрномае аз ягон ташкилот ва ё мукофоте аз давлат ба амале напардохтаам. Муҳимтар аз ҳама баройи гирифтан ё рӯёндани онҳо саъю кӯшише ба харҷ надодаам, чунончи аз тариқи маъмулшудаи ҷашнороиҳо (ба муносибати 60, 70 ва 80-солагиҳоям).
Ин хислатам рагу решаи хонаводагӣ дорад. Ман дар хонаводае ба камол расидаам, ки як умр дасткаш аз дастранҷ мехӯрд. Муҳимтар аз ҳама онҳо моро на фақат ба кам қаноат кардан даромӯхтанд, балки низ пайваста талқин мекарданд, ки қадри худ бишносем ва мабодо пойинталаби хасон набошем ва хосса миннати нокасонро накашем. Ҳатто дар солҳои қахтии ҷанги Олмон, вақте ки басе шикамгушна мегаштем, чашмамон ҳамоно сер буд...
Бузургони дудмонамон хурдонро аз тариқи насиҳати китобӣ не, балки ибрати амалӣ тарбия мекарданд. Раҳмати падарам мегуфтанд, ки бобоям рӯҳонии таҳсилдидаи сӯфимашрабе буданд, ҳатто воқиф аз улуми ғариб. Ба эшон хурду калон "домулло" ё "махсум" гуфта, муроҷиат мекарданд, вале ба ягон маърака ба унвони "мулло" намерафтанд. Дар шарҳи ин муаммо қиблагоҳам афзуданд, ки боре бобоям дар як маросими динӣ шоҳиди воқеаи нохуше шудаанд: мардуми авом оби дастшӯйи шайхеро "ба нияти шифо" мехӯранду ҳозирини тақводор чизе намегӯянд. Бобоям аз ин кирдор, ки зимнан хилофи ҳам дин ва ҳам одоб буд, хеле мутаассир шуда, маросимро тарк кардаанд. Вақте ба хона баргаштанд, дар ҳузури аҳли хонаводаамон "агар муллогӣ ҳамин бошад, ман муллогиро партофтам" гӯён, салларо аз сарашон гирифта, ба тоқи баланд мондаанд...
Ҳоло сарбаландона гуфта метавонам, ки миёни ду кирдор – муллогиро бас кардани бобои порсоям ва аз мансаби тайёри академӣ даст кашидани набераи шаккокаш (манзури назарам барои ишғоли мансаби директори Институти шарқшиносӣ ҳуҷҷат насупоридани ман аст, ки соли 1992 сурат пазируфта буд) – робитаи мустақими маънавӣ ҳаст.
Аз қавли Ҳофиз гӯям:
Шаби торику бими мавҷу гирдобе чунин ҳоил,
Куҷо донанд ҳоли мо сабукборони соҳилҳо?
- Дар робита ба ин байти пурмуҳтавои Ҳофиз ягон принсипи рӯзгоратонро шарҳ медиҳед?
- Яке аз онҳо ин аст: ман одатан рӯзи таваллудамро ҷашн намегирам!
- Чаро?
- Зодрӯз бароям рӯзи андеша аз мурури замон аст. Аз қавли пайғамбари охирзамон овардаанд, ки «ҳар киро Худо шаст сол умр диҳад, узре барои ӯ нагузошта аз ҷиҳати умр». Дар зимн як нуктаи фалсафиро афзудан мехоҳам. Вақте ки синнатон аз 60 гузашт, бароятон ритми замон тағйир меёбад, яъне ки суръати ҷоришавии вақт бештар аз пештар хоҳад буд. Ва чун, ба қавли дӯстам Лоиқ, “рӯзҳо аз сари мо, аз дили мо мегузаранд”, вақти гузашта дар таҳтуззеҳнамон нақше ё ҳатто захме боқӣ мегузорад.
Зодрӯз бароям рӯзи афсӯсхӯрист, пушаймонӣ не, маҳз афсӯсхӯрист аз он ки боз як соли тамом гузашт, бо суръате гузашт, ки натавонистӣ ба он мутобиқ шудан. Яъне нақшаҳоятро ба вақту соате, ки мехостӣ, анҷом дода натавонистӣ. Аз ин рӯ, ба муносибати зодрӯзам, хоҳ он соли муқаррарӣ бошад ва хоҳ, ба истилоҳ, “юбилей”, маъракаи хушу хурсандӣ ташкил намекунам, аз табрику муборакбодиҳо мегурезам, ба беша ё лаби уқёнус рафта, тамоми рӯз яккаву танҳо сайр мекунам ва пайваста меандешам.
Бузургони мо аз танҳоӣ пайваста ҳасрат кардаанд. Ва ҳол он ки худи ҳамон танҳоист, ки ба онҳо фурсату имкон додааст, рахши андешаро дар ҳафт майдони хаёл инон сар дода, шоҳасарҳо офаранд! Танҳоӣ – паридангоҳи мушаки эҷод аст! Ба ин маънӣ, аз қавли шоира Фарзона гӯям, «лаззатест танҳоӣ, лаззате, ки дарёбӣ».
- Дар арафаи ҷашнатон бештар дар бораи чӣ фикр мекардед?
- Андар қофилайи умр, ки ба қавли Хайём: “аҷаб мегузарад, дарёб даме, ки бо тараб мегузарад”. Яқинан, дар айёми ҷавонӣ гуфтааст. Хайёми пир китоби “Шифо”-и Абӯалии Сино дар даст ҷон дода будааст. Ӯ дар тирамоҳи рӯзгораш аз он меандешид, ки чаро Косагари Азал «бар хони вуҷуди мо нагун коса ниҳод, в-он косаи сарнагун пур аз савдо кард». Абӯалии Сино дар шигифт буд, ки дар косахонайи сарнагуни пур аз савдояш фикру хаёли бикр аз куҷо пайдо мешавад.
Андешаи ман аз шукронаи неъмат оғоз мешавад: шукри имрӯз, ки расидам, шукри дирӯз, ки будам, шукри хислати худододам, ки маро аз хӯрдани ғами “дорам ё не” эмин медорад. Вақте субҳ бедор шуда, ҳис мекунам, ки ягон ҷоям сахт дард намекунаду ақлу ҳушам низ равшан бувад ва муҳимтар аз ҳама барои давом додани кори шабмонда ҳавасу ҳавсалаам ҳанӯз пир нашудааст, ин лаҳза бароям оғози Наврӯзи дилафрӯз аст, чаро ки боқии рӯзро бо нури илҳом мунаввар мекунад.
- Дар бораи оянда чӣ?
- Метавонистам боз ба забони Хайём ҷавоб диҳам: “Рӯзе ки гузаштааст, аз ӯ ёд макун, фардо ки наёмадаст, фарёд макун”! Вале чун медонам, ки инро Хайёми шоир гуфта ва низ на дар айёми пирӣ, файласуфона ҷавоб медиҳам: Инсон ягона мавҷудоти зинда аст, ки гузаштаро дар ёд дораду аз оянда пайваста меандешад. Ҳамзамон ӯ чун махлуқи соҳибақл нағз медонад, ки ояндааш ҳадде дораду шикастани он дар ихтиёри вай нест.
Эйнштейн эҳсоси худаш барин олимони бузурги табиатшиносро қаламӣ карда, зимнан гуфта буд: «Шахсият, аз як сӯ, ночизии хоҳишу мақсадҳои одамизодаро ҳис кунад, аз сӯйи дигар, мебинад, ки дар табиат ва олами ғояҳо аҷаб низоми воломақом ва тартиби мӯъҷизавор зоҳир мешавад. Аз ин рӯст, ки ӯ вуҷуди худро як навъ зиндон ҳисоб карда, фақат коиноти томро ҳамчун як чизи воҳид ва маънидор мепазирад». Бинобар ин ҳам файласуфи кайҳонгаро бар хилофи нависандаи инсонгаро аз ҷиҳатҳои шахсӣ ва отифона ё эмотсионалии муаммои ҳаёту мамот сарфи назар мекунад.
Илм собит мекунад, ки дар арзи ҳазор соли охир умри одамӣ ба ҳисоби миёна торафт дароз мешавад. Вале ҳафт фоизи одамони ҷаҳон ба синни 65 мерасанд. Пас, вақте ки лат хӯрдаву хаста шуда, аз ин «сарҳади заррин» гузаштед, минбаъд ҳар рӯзатон Наврӯз мешавад ва боистанию шоистанист, ки ҳар субҳро бо сипосу санои сарнавишт оғоз намоед!
Фақат ҳаминаш ғуссаовар аст: онҳое, ки барояшон умри дароз ва давлати пирӣ насиб шудаст, дар лаҳзаи аз дунё рафтанашон гуфта наметавонанд, ки ҳамаи орзуву ниятҳояшонро ба амал баровардаанду дар дилашон ормоне ҳам намондааст. Умари Хайём ин воқеияти рӯзгори одамиро ба назар гирифта, панде гуфтааст, ки барои инсони соҳибфикр роҳтӯшаи маънавист:
Зинҳор, ки сармояи ин мулки ҷаҳон
Умр асту бад-он сон гузаронӣ, гузарад…
(Давом дорад)
Маълумотнома
Акбари Турсон 1-уми октябри соли 1939 дар шаҳри Конибодом ба дунё омадааст.
Соли 1961 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (айни ҳол ДМТ)-ро бо ихтисоси “фалсафа” хатм кардааст. Солҳои 1961-1963 ходими хурди илмии Шуъбаи физикаю математикаи АИ ҶШС Тоҷикистон, 1963-1967 аспиранти шуъбаи мазкур, 1969-1979 ходими калони илмии Институти фалсафаи АИ ҶШС Тоҷикистон, 1979-1986 ҷонишини сармуҳаррири Энсиклопедияи Советии Тоҷик буд. Директор ва мудири шуъбаи таърихи тамаддуни Осиёи Марказии Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон (1986-1992), муовини директори Институти иқтисодии ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байнулмилалии АИ Тоҷикистон (1993-1994).
Аз соли 1994 то 2011 дар ИМА кор ва фаъолият кардааст.
Соли 2011 ба Тоҷикистон баргашта, дар вазифаи директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон то соли 2015 фаъолият кардааст. Аз апрели соли 2015 ба нафақа баромадааст.
Доктори илмҳои фалсафа, профессор, академики Академияи илмҳои ҶТ Акбари Турсон муаллифи зиёда аз 250 мақола ва асарҳои илмӣ, илмию оммавӣ ва публисистӣ мебошад. Дар таълифоти худ масъалаҳои фалсафии улуми табиатшиносӣ, ҷиҳатҳои иҷтимоӣ, гносеологӣ ва аксиологии илм, проблемаи инсон ва кайҳонро мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор додааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: фалсафа, шарқшиносӣ, фарҳангшиносӣ.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Топ полезных таджикских блюд для поддержания иммунитета во время холодов
Как не стать жертвой мошенников-продавцов мёда в Таджикистане?
"Бычьи знамена", "Диравши Ковиёни", "Султан тень Аллаха", красный стяг: как менялся флаг таджиков?
Ужесточите наказание! Почему в Таджикистане нет культуры вождения?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 24 ноября 2024 года
Что нужно знать о профилактике простатита в наступающие холода?
ООН: В 2024 году зафиксировано рекордное число смертей гуманитарных работников
От настольных солнечных вентиляторов до эко-искусства: проекты молодежи Таджикистана
5 чудес Китая: объекты наследия ЮНЕСКО, которые вас поразят
СМИ: Трамп планирует создать должность спецпосланника по российско-украинской войне
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста