Додгоҳи шаҳри Бохтар собиқ мутахассиси Кумитаи идораи заминро барои ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ҷарима кардааст.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, Кенҷаев Дилшод Маҳмадраҷабович аз 1-уми феврали соли 2017 то 2-юми январи соли 2018 ҳамчун мутахассиси Кумитаи идораи замини шаҳри Бохтар фаъолият карда, бо суистифода аз мақоми хизматӣ дар ин давра ба боварии шаҳрванд Қодиров Абдуқаҳор Набиевич, сокини маҳаллаи Гулистони шаҳри Бохтар даромадааст.
Ин корманди маҳаллии Кумита ҳарчанд ваколати ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигиро надошта бошад ҳам, дидаю дониста барои замини ёрирасони шахсии (президентӣ)-и падари ҷабрдида Қодиров Набиҷон Маҳмадовичро ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ додан, 20 ҳазор сомонӣ талаб кардааст. Бо гирифтани ин маблағ, онро ба манфиати шахсияш истифода карда, бо ин роҳ ба ҷабрдида зарари калони моддӣ расонидааст.
Прокурори шаҳри Бохтар нисбат ба Дилшод Кенҷаев бо моддаҳои 247 қисми 3 банди «а» (Қаллобӣ ба миқдори калон) ва 3381 қисми 2 бандҳои «а, в» (Ғайриқонунӣ додани қитъаи замин)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, пас аз анҷоми пешбурди тафтишот ба суд ирсол кардааст.
Дилшод Кенҷаев бо ҳукми суди шаҳри Бохтар гунаҳкор дониста шуда, нисбат ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима таъин гардидааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста