Раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 27-уми декабр аз Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ боздид карда, бо фаъолияти он шинос шуд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, айни ҳол дар муассисаи мазкур 400 нафар аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Мактаб-интернат дорои 31 синфхонаи фаннӣ, кабинетҳои методӣ ва синфхонаи компютерӣ бо 22 адад компютер мебошад.
Китобхонаи таълимгоҳ бо 8200 нусха китоби таълимӣ таъмин буда, ҳамчунин наздик ба 3 ҳазор китоби бадеӣ барои мутолиа дастраси хонандагон аст. Китоби махсуси «Имову ишора» барои муҳассилини синфҳои аз 1 то 3 дастраси хонандагон мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин Мактаб-интернат таваҷҷуҳи хоса ба фаъолияти мутахассисон зоҳир гардида, наздик ба 60 нафар омӯзгорони соҳибтахассус, ки давраҳои махсуси бозомӯзиро гузаштаанд, ба тарбиятгирандагон дарс медиҳанд. Ҳамчунин 7 омӯзгори ношунаво низ ба дарсомӯзӣ машғуланд.
Давоми чанд соли охир Мактаб-интернати мазкур аз таъмиру тармими пурра бароварда шуда, хобгоҳи муассиса бо 400 кат ва шароити муосиру зарурӣ таъмин шудааст. Утоқи тиббӣ, ки барои муолиҷаи кӯдакон пешбинӣ гардидааст, бо 3 кати хоб таъмин буда, дар он дастгоҳҳои зарурии соҳавӣ васлу насб шудаанд. Нафароне, ки дар он ба муолиҷа фаро гирифта мешаванд, ба дорувории ройгон дастрасӣ доранд.
Ҳамчунин маҷлисгоҳ бо беш аз 300 ҷойи нишаст мавҷуд буда, хонандагон дар ошхона бо панҷ вақт хӯроки гарму серғизо таъмин мебошанд. Хонаи истироҳатӣ ва майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди Мактаб-интернат бунёд ёфта, ҳаммом барои кӯдакон ва дигар шароити зарурӣ муҳайё шудааст.
Зимни боздид раисҷумҳур ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернат туҳфаҳои идона тақдим карда, онҳоро бо фарорасии Соли нави мелодӣ таҳният гуфт. Сарвари давлат омӯзгоронро муваззаф кард, ки нисбат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернат ғамхору меҳрубон бошанд ва тамоми кӯшишро ба харҷ диҳанд, то хонандагон аз донишҳои муосир ҳамаҷониба бархурдор гарданд.
Президент ба хонандагони Мактаб-интернат барои сайру тамошо 2 автобус тақдим кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Хранитель Сиёмы. Какой он, отшельник Иван Брагин?
Apple и Google заявили о возможных хакерских атаках на пользователей в Центральной Азии
Служба связи Таджикистана предупредила о мошеннических звонках от имени мобильных операторов
Таджикистан и ООН обсудили разработку новой программы сотрудничества по устойчивому развитию на 2027–2030 годы
В Таджикистане выросло число ищущих работу: вакансий меньше, чем желающих трудоустроиться
2,7 млрд человек получили доступ к воде, но ухудшение экосистем ставит под угрозу достигнутый прогресс, — доклад АБР
Таджикские дети, вернувшиеся с войны, снова учатся мечтать
В Раште молодожены погибли от отравления угарным газом
Тяжелоатлет из Таджикистана установил новый мировой рекорд в пауэрлифтинге
Трамп выразил разочарование тем, что Зеленский не изучил мирное предложение США
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста