Саҳифаи аввали ҳафтаномаи “Тахти Қубод”, нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиёнро сармуҳаррири он Адолат Сайфуллозода рӯзи 20-уми декабр ба нишони эътироз холӣ чоп кардааст.
Номбурда зимни шарҳи ин қазия ба “Азия-Плюс” гуфт, ки баъд аз чопи шумораи №50-51 (8355), раиси ноҳияи Қубодиён Зафар Файзуллозода рӯзи душанбе, 23-юми декабр ӯро ба наздаш даъват карда, норозигии худро из ин амалаш изҳор доштааст: “Ту аз ман кадом мавзӯъро пурсидӣ, ки бароят дастрас накардам? Чаро ин хел саҳифаи холиро мондӣ? Чӣ намерасад? Флешкаро биёр, ман ба ту мавод диҳам”.
Сармуҳаррири “Тахти Қубод” чунин посух додааст: “Муҳтарам раис! Холигоҳи саҳифаи рӯзнома ҳарфи ногуфта аст. Гап сари мавод нест, зеро пешакӣ барои 6 шумора матолиб дорам. Барои журналист мавод ёфтан мушкилӣ надорад. Шумо дар саҳифаи 2-и ҳамон шумора шарҳи маро хонед, ҳамаро навиштаам. Гап сари он аст, ки имрӯз идеология ва фазои сиёсии мо холист”.
Ӯ ҳамчунин ба раиси ноҳияи Қубодиён гуфтааст: “Чанд дафъа мавод менависам, аммо барои чӣ вокуниш намешавад? Ҳол он ки фармони №622-и Президенти ҶТ аз 7-уми феврали соли 2009 “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма” ҳаст. Чаро “идораву ташкилоту соҳаҳое, ки мушкилоташонро интиқод кунам, ҷавоб намедиҳанд” гӯям, шумо пурсиш намекунед? Ба наздикӣ аз як корманди прокуратура пурсидам: “Чаро ба фалон матлабам хомӯшеду вокуниш намекунед?” Он корманди прокуратура дар ҷавоб гуфт: “Аз раиси ноҳия вокуниш талаб кун”. Раис баъд камтар норозигӣ кард”.
Сайфуллозода афзуд, ки ҳамин сол барои матолиби нашркардаи рӯзнома ҳамагӣ 2 вокуниш гирифтааст: “Идораи санитарию эпидемиологиро танқид кардем, якто онҳо навиштанд ва ду-се мақолаи танқидӣ дар бораи маориф навиштем, онҳо низ вокуниш доданд”.
Таҳдиди “ротатсия”?
Хонум Адолат дар идомаи гуфтугӯ бо раиси ноҳия иброз доштааст: “Дар шумораи пешина оид ба кадрҳо навиштам. Дастгоҳи мо дар мақомот фалаҷ аст. Ин ҷо раиси дастгоҳ ҳаст, ё дилаш намезанад? Чаро ҳукуматро идора карда наметавонад? Ин қадар кадрҳо медароянду мебароянд ва ба интернету шабакаҳои иҷтимоӣ дастрасӣ доранд. Аммо чаро мутахассиси ҳукумат як сатри тоза, як гапи тоза омода карда наметавонад?”
Ба қавли ӯ, дар робита ба ин масъала Зафар Файзуллозода гуфтааст: “Агар ту “кадр”-ро дар назар дорӣ, ки вақти ротатсияаш гузашта бошад, ту ҳам фаромӯш накун, ки вақти ротатсияат гузаштааст ва тайи 7-8 сол кор карда истодаӣ”.
Посухи сардабири “Тахти Қубод” ба ин ҳушдори раиси ноҳия чунин будааст: “Агар ротатсия шудани ман мушкилатон бошад, ман журналистам ва қаламам пешам бошад, дар дигар ҷой ҳам кор карда метавонам. Дар рӯзномаи ноҳиявӣ роҳбар неву ҳамчун журналисти одӣ кор карда, хизматамро ба хонандагону мардум расонида метавонам”.
Санҷиши рӯзнома
- Аз аудити буҷет занг зада, гуфтанд: “Раис мактуб фиристодааст, ки рӯзномаро санҷиш кардан даркор”... Вақте камбудашонро мегуфтаӣ, баъд инҳо ниқор мегирифтаанд ва айбатро меҷустаанд. Ба оилаат ва фарзандат мехоҳанд зарар расонанд, аз ҳар як чиз истифода карда, мехоҳанд аз ҳар самт доираатро танг ва таъсиргузорӣ бикунанд... Худи ман ҳамасола санҷиши рӯзномаро интизор мешавам ва дӯст медорам. Зеро дузду қаллоб нестам, ман як журналистам, - иброз дошт Сайфуллозода.
Вай афзуд: “Ба раис чанд маротиба муроҷиат кардам, ки шароити хубӣ корӣ надорам. “Ҳоло шароит бароят муҳайё мекунам” гуфта, ваъда кард, вале бо ҳамин фаромӯш кард”.
Дар баробари ин, сардабир мегӯяд, ки ҳафтаномаи “Тахти Қубод” мушкилоти молиявӣ надорад: “Дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанд нафар навиштааст, ки “ин ҳама даъвои ӯ барои обуна аст”. Не, ман ин корро ба хотири обуна ҳеҷ гоҳ намекунам. Мушкилоти молиявӣ надорем ва теъдоди нашри мо дар миқёси вилоят 3100 адад мебошад. Имсол ба аҳли эҷоди рӯзнома ва он нафароне, ки барои мо бевосита маводи супоришӣ менависанд, ҳаққи қалам додем. Барои кумаки дастаи футболи ноҳия низ 1000 сомонӣ гузаронидем”.
Адолат Сайфуллозода изҳор дошт, ки ӯ пеш аз чопи ҳафтанома ягон маротиба матлабҳои нашрмешударо бо раисони қаблию кунунӣ мувофиқа накардааст, зеро ин хилофи қонуни матбуот ва озодии баён аст. Ба қавли ӯ, раиси ноҳия Файзуллозода аз кори ин расона тавсиф кардаву гуфтааст: “Рӯзнома сари вақт нашр мешавад, дар миқёси вилоят нишондиҳандаҳо аз ҷиҳати обуна хуб аст, соли 2018 дар озмуни “Нерӯи сухан” ҷойи аввалро гирифтӣ. Сабаби таваҷҷуҳ накарданам ҳамин аст, ки мебинам, дар кори худат пухта ҳастӣ”.
Барои дастрас кардани тавзеҳи ин қазия хабарнигори “Азия-Плюс” бо мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Қубодиён Саъдулло Халифаев тамос гирифт. Посухи ӯ кӯтоҳ буд: “Маълумот дода наметавонем”.
Адолат Сайфуллозода ҳамчунин гуфт: “Ман ба хулосае омадам, ки қарсак аз ду даст мешавад. Агар ман ҳам ба мусиқии мардум бирақсам, ё ба табли онҳо шодӣ кунам, барояшон беҳтарин инсон ва хубтарин занам. Камтар итоаткор нестам ва аз доираи инҳо берун омадам, баъд ана ҳамин хел мешавад: санҷиш мефиристанд, қошу қавоқ мекунанд, ки ин мушкили онҳост ва ба ман дахл надорад. Ман тӯли 30 сол дар соҳаи журналистика ин ҳама душвориҳоро барои худ таҷриба кардам”.
Номбурда афзуд, ки дар ин бора то ҳол аз мақомоти вилояти Хатлон касе бо ӯ тамос нагирифтааст.
Марбут ба ин масъала мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Носирҷон Маъмурзода ба “Азия-Плюс” чунин ибрози андеша кард: “Муассиси нашрияи “Тахти Қубод” мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён мебошад. Бояд ҳамон мақомоти маҳаллӣ оид ба ин мушкилӣ чораандешӣ кунад. Дуюмаш ин, ки нашрия аз чӣ эътироз мекунад? Бояд инро дақиқан баён мекарданд. Ё мегуфтанд, ки мақомот ба фалон дархостҳои мо вокуниш накард. Дар ин сурат мо метавонистем масъалагузорӣ намоем, ки барои чӣ мақомот чунин бархӯрд мекунад”.
Ному қисмат
“Номи инсон пешгӯйикунандаи қисмати инсон аст. Чун маро Адолат шинохтаанд, ҳақиқатҷӯяму адолатхоҳам ва ба ҳамин моҷарову низоъҳо меравам. Як сабаби холигии ҳамон саҳифаи ман ҳарфҳои ногуфтаи дили ман аст. Хеле мушкил аст он ҳарфҳоро гуфтану рӯйи саҳифа овардан. Дарди бадтарине ҳаст, ки онро ҳоло рӯйи саҳифа рехта натавонистам. Ҳоло вақт мехоҳад. Матолибе дорам, ки боз 8-10 сол интизор мешавам ва гуфтани он ҳарфҳо барои мани журналист дер намешавад”, - изҳор дошт дар поёни мусоҳибаи “Азия-Плюс” сармуҳаррири ҳафтаномаи “Тахти Қубод” Адолат Сайфуллозода.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Кто они – новые заместители Эмомали Рахмона в НДПТ?
УМВД: В компьютерном центре в Душанбе подростки употребляли наркотики
Президент Грузии Саломе Зурабишвили отказалась уходить с поста и потребовала назначить новые выборы парламента
Трамп: «Правительство США будет признавать только два пола – мужской и женский»
Таджикские дзюдоисты завоевали медали на международном турнире Russian Judo Tour
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 23 декабря 2024 года
Где заказать торт на Новый год в Душанбе и Худжанде?
Как ухаживать за волосами зимой? Важные советы от таджикского специалиста
Государственный бюджет Таджикистана на 2025 год. Подробно
Как проходит процедура развода и какова государственная пошлина за подачу заявления?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста