Раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ, ки аз ҳавзаи интихоботии №25-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт пешбарӣ шудааст, ният дорад, соҳибкорони ватаниро барои бунёди муассисаҳои таълимӣ ва майдончаҳои варзишии хуштарҳу замонавӣ барои сокинони шаҳри Душанбе ҷалб намояд.
Дар ин бора дар барномаи пешазинтихоботии Рустами Эмомалӣ сухан меравад. Дар он таъкид мешавад, ки барои ӯ саҳми арзанда гузоштан ба рушди Тоҷикистон ва пойтахти он – шаҳри Душанбе ҳадафи асосӣ мебошад.
Раиси шаҳр ба интихобкунандагони худ ваъда медиҳад, ки минбаъд низ тамоми неру ва дониши худро баҳри таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, такмили қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, таъмини волияти қонун дар кишвар равона хоҳад кард.
Номбурда ҳамчун вакили Маҷлиси шаҳр ният дорад, ки ба ҳамкории шаҳрдорӣ дар кори рушди саноати кишвар ва шаҳр тақвият бахшида, ба ин васила ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварад ва имконоти саноатии шаҳри Душанбе ва Тоҷикистонро афзун кунад.
Ӯ ҳамчунин ният дорад, ки маблағҳои тоҷирон ва соҳибкорони пойтахтро ба сохтмони муассисаҳои соҳаи маориф ва варзиш, таъмиру навсозии роҳҳо ҷалб кунад.
Вай ба интихобкунандагони пойтахт оби тозаи нӯшокӣ, таъмини мунтазами барқу гармӣ, тартибот дар кори нақлиёти ҷамъиятиро ваъда додааст.
Дар барномаи пешазинтихоботии ӯ ноил гардидан ба баланд бардоштани сифати таълим дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ, сохтмони мактабу бемористон ва кӯдакистонҳои нав зикр шудааст.
Боз раиси пойтахт дар барномааш изҳор медорад, ки барои дастгирии қишри осебпазири аҳолӣ, нафақахӯрон ва камбизаоатон кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста