Рӯзи 1-уми март дар Тоҷикистон маъракаи интихобот ба палатаи поёнии парлумон ва ҳамчунин вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ доир мегардад.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон хабар доданд, пагоҳ, 29-уми феврал дар ҷумҳурӣ “рӯзи хомӯшӣ” фаро мерасад.
“Дар қонунгузории кишвар баргузории чорабиниҳои ташвиқотӣ як шабонарӯз то овоздиҳӣ манъ шудааст. ВАО ҳам ба паҳн кардани маводи таблиғотӣ ҳуқуқ надоранд”, - гуфт як манбаъ аз КМИР.
Қобили зикр аст, ки маъракаи ташвиқот аз рӯзи анҷоми сабти расмии номзадҳо ба вакилӣ – аз 10-уми феврал оғоз шуда, як шабонарӯз пеш аз овоздиҳӣ қатъ мешавад. Дар рӯзи раъйдиҳӣ низ ташвиқот манъ аст.
Қонунгузории Тоҷикистон ҳамчунин муқаррар кардааст, ки дар муддати панҷ рӯз то овоздиҳӣ, ҳамчунин дар рӯзи раъйдиҳӣ ба нашри маълумот дар бораи натиҷаҳои назарпурсии афкори ҷомеа, пешгӯии натиҷаҳои интихобот ва дигар таҳқиқоти марбут ба интихобот роҳ дода намешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста