Рӯзҳои наздик сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон барои пешгирии сирояти коронавирус ба вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ таҷҳизоти тиббӣ медиҳад.
Дар ин бора имрӯз, 13-уми март сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Такаюки Мияшита ва роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байнулмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон Хидеки Танабе дар вохӯрӣ бо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Олимзода хабар доданд.
Бино ба иттилои вазорати тандурустӣ, ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои густариши ҳамкориҳо дар самти пешгирии паҳншавии коронавирус, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, изҳор доштанд.

Қайд гардид, ки бо ташаббуси сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон аз ҷониби JICA дар Тоҷикистон рӯзҳои наздик таҷҳизоти тиббӣ барои пешгирии сирояти коронавирус ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ супорида хоҳад шуд.
Насим Олимзода барои дастгириҳои пайвастаи соҳа ба сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ва JICA изҳори сипос кардааст.

Ёдрас мекунем, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ва USAID таҷҳизоту лавозимоти муҳофизати шахсӣ аз коронавирусро дирӯз ба ихтиёри Тоҷикистон супурданд, ки барои ҳайати кормандони тиббии беморхонаҳо пешбинӣ шудааст. Маводи тақдимшуда – ниқобҳо, дастпӯшакҳо ва хилъатҳо барои кормандони соҳаи тандурустӣ ҷиҳати фаъолият дар пешгирии сирояти коронавирус хеле муҳим мебошанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста