Имрӯз, 21-уми март Вазорати корҳои хориҷии ҶТ бо нашри як хабар аз шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки дар кишварҳои дигар “ҷойи зисти доимӣ ё муваққатии худро тарк накунанд, инчунин чораҳои маҳдудкунанда ҷиҳати пешгирии бемории ҳамагирро риоя кунанд”.
Вазорати корҳои хориҷии ҶТ иттилоъ додааст, ки бинобар муваққатан қатъ шудани ҳамаи парвозҳо байни Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ аз 20-уми марти соли 2020 ба манзури пешгирӣ аз интишори коронавируси нав (COVID-19), Вазорат ва намояндагиҳои дипломатию консулӣ дар хориҷа ба шаҳрвандони кишвар дар ҳалли мушкилоти пешомада мусоидати зарурӣ мерасонанд.
“Бо назардошти вазъи бавуҷудомада, аз ҳамватанон хоҳиш мекунем, ки бо дарки масъулият тадбирҳои ҷиҳати пешгирӣ аз шуюи коронавирус андешидашударо қабул намуда, оромиро нигоҳ доранд ва ба қадри имкон ҷойи зисти доимӣ ё муваққатии худро тарк накунанд, инчунин чораҳои маҳдудкунанда ҷиҳати пешгирии бемории ҳамагирро риоя кунанд”, - омадааст дар хабари ВКХ ҶТ.
Ёдовар мешавем, ки ҳамватанони дар хориҷи кишвар қарордошта метавонанд дар ҳолати зарурат ба намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ муроҷиат намоянд. Маълумот дар бораи намояндагиҳои Тоҷикистон дар хориҷаро аз пайванди зерин метавон дарёфт кард: https://mfa.tj/tg/main/view/5882/khabari-vazorati-korhoi-khorijii-tojikistonaz-21-marti-2020




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста