Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ба маблағи умумии зиёда аз 7,3 млн доллар ба хориҷи кишвар неруи барқ интиқол дод, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда 15% ё худ 2,4 млн доллар камтар нисбат ба семоҳаи аввали соли 2021 аст.
Дар ин давра дар ҷумҳурӣ зиёда аз 5,3 млрд киловатт-соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки 5,6% зиёдтар нисбат ба се моҳи аввали соли 2021 мебошад.
Бино ба маълумоти ширкати “Барқи тоҷик”, дар давраи тирамоҳу зимистон барқи Тоҷикистон танҳо ба Афғонистон интиқол дода мешавад.
Дар ин давра Афғонистон шабонарӯзӣ то 40 МВт неруи барқ мегирад, ки тибқи арзёбии мутахаасисони “Барқи тоҷик”, “ба тавозуни умумии таъминот бо барқ дар кишвар таъсир намерасонад”.
Дар назар аст, ки аз аввали моҳи апрел ҳаҷми шабонарӯзии интиқоли барқ ба Афғонистон то 400 МВт расонида шавад. Ҳамчунин бо фарорасии баҳор содироти барқ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон оғоз мегардад.
Афғонистон барои 1 киловатт-соат барқ аз Тоҷикистон 4,67 сент, Ӯзбекистон бошад - 2 сент маблағ пардохт мекунад.
Мувофиқи қарордодҳои имзошуда, Тоҷикистон уҳдадор шуд, ки соли 2022 ба Афғонистон 1,5 млрд киловатт-соат ва ба Ӯзбекистон - 1,4 млрд киловатт-соат барқ интиқол медиҳад.
Раҳбарияти “Барқи тоҷик” дар нишасти матбуотии нимаи моҳи феврал хабар дода буд, ки қарзи ширкати марбутаи энергетикии Афғонистон ба Тоҷикистон аз истифодаи барқ аз 33 млн доллар дар аввали соли 2022 то 27 млн доллар кам шудааст.