Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки аз 1 октябр таърифаҳо (тарифҳо)-и истифодаи неруи барқ барои ҳамаи категорияҳои истеъмолгарон ба ҷуз “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО), боло бурда шавад. Ба неруи гармӣ низ.
Қарори марбутаи ҳукумат дар нашрияи “Ҷумҳурият” чоп шудааст.
Дар ҳамин ҳол, нашрия аз чопи замима ба қарор, ки дар он барои ҳар як категория нишондиҳандаи болоравии таърифа нишон дода мешавад, худдорӣ намудааст. Солҳои пешин нарх ба неруи барқ ва гармӣ ба ҳисоби миёна ба андозаи 15% зиёд мешуд.
Болоравии нарх ба барқ як каме ногаҳонӣ аст, зеро моҳи марти ҳамин сол ҳукумат нақшаи зиддибуҳронӣ қабул намуд, ки дар он то охири соли 2022 ба “мавқуф гузоштани болоравии нарх ба хидматрасониҳои коммуналӣ (неруи барқу гармӣ ва об), боркашонии нақлиётӣ, хидматрасониҳои тиббӣ ва дар соҳаи маориф” дастур дода шуда буд.
Таърифаҳои неруи барқ то соли 2016 танҳо дар солҳои ҷуфт ва минбаъд ҳамасола боло бурда мешуданд.
Соли 2020 ҳукумат тасмим гирифт, ки бинобар сабаби вазъияти душвори иҷтимоӣ-иқтисодии марбут ба оқибатҳои пандемия, аз бори навбатӣ боло бурдани нархҳо худдорӣ варзад.
Моҳи майи соли гузашта барои бозбинии таърифаи барқ дар назди Агентии зиддиинҳисорӣ гуруҳи кории махсуси байниидоравӣ таъсис дода шуд, лекин нархҳо боло нарафтанд.
Ба сурати умум, тайи даҳсолаи ахир таърифаҳои неруи барқ барои аҳолии кишвар 2,5 баробар афзуданд: аз 9 дирам дар моҳи январи соли 2010 то ба 22,66 дирам аз моҳи сентябри соли 2019.

Кӣ чӣ қадар пардохт мекунад?
Истеъмолгарони неруи барқ дар Тоҷикистон ба 10 категория бо таърифаҳои гуногун тақсим шудаанд, аз ҷумла:
- барои истифодаи нерӯи барқ дар дегҳои барқӣ ва дастгоҳҳои барқӣ бо мақсади таъмини оби гарм ва гармкунии биноҳо - 136,62 дирам барои 1 киловатт (бахши ғайрибуҷетӣ) ва 40,37 дирам (мақомоту муассисаҳои буҷетӣ);
- барои истеъмолгарони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ – 55,14 дирам;
- барои истеъмолгарони соҳаи буҷетӣ, бахши коммуналӣ ва маҷмааҳои варзишӣ – 22,66 дирам;
- барои нақлиёти барқӣ (троллейбус) - 22,66 дирам;
- барои аҳолӣ (бо назардошти ААИ) -22,66 дирам;
- барои пойгоҳҳои интиқоли оби нӯшокӣ (водопровод) ва пойгоҳҳҳои обкашии обёрии мошинӣ, пойгоҳҳои таъмиру истеҳсолии Агентии мелиоратсия ва обёрии назди ҳукумати ҶТ аз 1 октябр то 31 март – 22,66 дирам;
- барои чоҳҳои амудии мелиоративӣ, пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ - 7,87 дирам;
- барои ҶДММ “Комбинати металлургии Тоҷикистон” аз 1 май то 30 сентябр – 9,68 дирам, аз 1 октябр то 30 апрел – 55,14 дирам;
- барои насосҳои интиқоли оби нӯшокӣ (ба истиснои насосҳои инфиродӣ) ва обу корез (канализатсия) - 10,76 дирам;
- барои ТАЛКО аз 1 май то 30 сентябр - 7,20 дирам, аз 1 октябр то 30 апрел – 11,80 дирам.
Восхитительная история в звуках и словах. Шашмаком, покоривший сердца
В Таджикистане презентовали супергибрид BYD Song Plus DM-i
Рабочая партия Курдистана объявила о самороспуске: как это повлияет на Турцию и на регион?
Women in Tech теперь и в Таджикистане
ООН: в 2024 году мир произвел 400 млн тонн пластиковых отходов. Как это влияет на природу и человека?
Непобежденный таджикский боец подписал контракт с лигой ACA
Катар подарил президенту США «летающий дворец»
СМИ сообщили о гибели восьми афганских рабочих на угольной шахте в Таджикистане
С Wildberries выгодно? Как будет работать маркетплейс в Таджикистане и почему стоимость доставки такая высокая
Талибы запретили игру в шахматы в Афганистане, назвав ее «харамом»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста