Жан-Ив Ле Дриан, вазири корҳои хориҷии Фаронса Толибонро ба дурӯғгӯӣ муттаҳам кард ва гуфт, ки кишвараш ҳукумати таъсисдодаи ин гурӯҳро ба расмият намешиносад. Дар ин бора хабаргузории Reuters иттилоъ медиҳад.
Тавре ин хабаргузорӣ менависад, вазорати корҳои хориҷии Фаронса изҳор намудааст, ки Толибон ба ваъдаи худ ҷиҳати таъсиси ҳукумати ҳамашумул ва иҷозаи хуруҷи озоди хориҷиён ва ҳар нафаре, ки мехоҳад тарки Афғонистон кунад, вафо накарданд. Аз ин лиҳоз, Фаронса бо ҳукумате, ки Толибон таъсис додаанд, намехоҳад робита дошта бошад, гуфтааст Жан-Ив Ле Дриан.
“Онҳо (Толибон) гуфтанд, ки ба баъзе аз хориҷиён ва афғонҳо иҷозаи хуруҷи озод медиҳанд ва дар бораи ҳукумати фарогиру ҳамашумул гуфтанд, аммо онҳо дурӯғ мегӯянд”, - гуфтааст вазири корҳои хориҷии Фаронса.
Фаронса дуюмин кишварест, ки ошкоро аз эътироф накардани ҳукумати таъсисдодаи Толибон хабар медиҳад. Қаблан Тоҷикистон эълон карда буд, ки ҳукумати Толибонро ба расмият намешиносад. Душанбеи расмӣ таъсиси ҳукумати фаромиллиро бо қоил шудани ҷойгоҳи сазовор ба қавмҳои ғайрипаштун, аз ҷумла тоҷикон, ки 46 дарсади ҷамъияти Афғонистонро ташкил медиҳанд, шарти асосии эътирофи ҳукумати ин гурӯҳ гуфта буд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки ҳам Тоҷикистон ва ҳам Фаронса аз Толибон инчунин, эҳтироми ҳуқуқи башар, минҷумла ҳуқуқи занонро талаб доранд.
Ёдовар мешавем, ки Толибон бо гузашти беш аз як сол аз ғасби қудрат дар Афғонистон то ҳол ба ваъдаи додаи худ дар мавриди ташкили ҳукумати қонунманд, таъмини амният ва маҳви маводи мухаддир амал накарданд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста