Тавре қаблан хабар дода будам, 19 сентябр дар гузаргоҳи сарҳадии «Гулистон» мулоқоти навбатии кории намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳалли муноқишаи мусаллаҳона дар минтақаҳои наздисарҳадии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид ва дар он ҷонибҳо протокол имзо карданд. Шакли пурраи протоколи мазкур дар сомонаи АМИТ "Ховар" нашр шудааст, ки дар поён интишор менамоем.
Аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар симои роҳбарони гурӯҳҳои корӣ — Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва муовини Раиси Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон — Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон Қамчибек Ташиев Протокол имзо гардид, ки тибқи он қувваҳои иловагӣ ва техникаҳои ҳарбӣ ба маҳалли доимии худ баргардонида мешаванд.
Бо мақсади роҳ надодан ба авҷгирии минбаъдаи муноқиша дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон, бар асоси муносиботи неки ҳамсоягӣ ва пайи иҷрои тавофуқоти қаблан ҳосилшуда тарафҳо дар мавриди ба эътидол овардани вазъ ба мувофиқа расида, Протоколи дахлдорро ба имзо расониданд.
Тибқи ин санад, тарафҳо уҳдадор гардиданд, ки амалиёти низомӣ, истифодаи ҳама гуна аслиҳа ва лавозимоти ҷангиро дар минтақаҳои сарҳадии вилояти Суғд ва вилояти Бодканд пурра қатъ намуда, қӯшунҳо ва техникаи ҳарбиро аз минтақаи марзии вилояти Суғд ва вилояти Бодканд ба маҳалли доимияшон баргардонанд.
Ҳамчунин, санҷиши муштараки дидбонгоҳҳои марзӣ ва комендатураҳои сарҳадӣ барои мавҷудияти техникаи вазнини низомӣ дар онҳо, ки хоси сохторҳои марзӣ нест, ташкил карда мешавад. «Дар сурати пайдо шудани он тадбирҳои ҳамоҳанггардида андешида, онро ба масофаи на камтар аз 10 километр аз минтақаҳои наздисарҳадӣ дур мекунанд»,-гуфта мешавад дар Протокол.
Дар пойгоҳи гузаргоҳи сарҳадии «Гулистон» (Тоҷикистон) барои назорати иҷрои созишҳои дар Протоколи мазкур нишондодашуда аз ҷумлаи намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кормандони қӯшунҳои сарҳадӣ, мақомоти амният ва корҳои дохилии ҳарду давлат комиссияи кории муштарак ташкил карда мешавад. Аз рӯи натиҷаҳои фаъолияти комиссияи корӣ санадҳо тартиб дода мешаванд, ки ба онҳо роҳбарони ҳарду комиссия имзо мегузоранд.
«Иҷрои қатъии муқаррароти санадҳои имзошуда барои ҳарду ҷониб ҳатмист», — таъкид мешавад дар санад.
Ба мақомоти салоҳиятдори ҷонибҳо супориш дода шуд, ки тадқиқи ҷиддии даргириҳои мусаллаҳонаеро, ки 14-17 сентябри соли 2022 дар минтақаи марзии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон рух дода, боиси талафоти одамон, зарари калони маънавӣ ва моддии ду ҷониб гардиданд, ба роҳ монда, сабаб ва омилҳои онро муайян намоянд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста