Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 нафар - мутахассисони соҳаи кишоварзиро рӯзи 10-уми октябр ба Корея барои кор фиристодааст. Дар ин бора сомонаи расмии вазорат иттилоъ медиҳад.
“Дар асоси шартномаи баимзорасида байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Хампёнги музофоти Ҷоланамдои Ҷумҳурии Корея оид ба интиқоли қувваи корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани корҳои мавсимӣ тибқи дархости корфармо 22 нафар - мутахассисони соҳаи кишоварзӣ баъд аз гузаштани марҳилаи омодагии пеш аз сафар дар МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе рӯзи 10 октябри соли 2022, тавассути шаҳри Тошканд ба шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии мавсимӣ парвоз намуданд”, - навиштааст сомонаи ин вазорат.
Таъкид гардидааст, ки дар умум 78 нафар номнавис шуда, мувофиқи талаботи корфармои кореягӣ 58 нафар соҳиби раводиди Ҷумҳурии Корея шудаанд. Дар марҳилаи аввал 22 нафар шаҳрвандон рӯзи 10-уми октябр ва баъдан, 36 нафар рӯзи 16-уми октябр тавассути хатсайри Тошканд – Сеул ба Ҷумҳурии Корея ба кор мераванд.
Гуфта мешавад, ки бо мақсади муташаккилона сафар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ масъулини МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” гурӯҳи аввалинро то шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамроҳӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан тоҷикон умдатан ба Русия барои муҳоҷирати корӣ сафар мекарданд. Дар чанд соли охир самти муҳоҷирати онҳо васеъ гардида, чанде қабл аввалин гуруҳи тоҷикон ба Британияи Кабир барои кор сафар карда буданд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста