Имрӯз, 11-уми октябр, барои аломатгузорӣ (демаркатсия)-и сарҳад байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳайати ду кишвар дар Тоҷикистон ба сари мизи музокирот менишинанд. Дар ин бора хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳоло як ҳайати ҷониби Қирғизистон дар Душанбе қарор доранд ва дар давоми 4 рӯз аломатгузории марзи боқимонда байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ хоҳанд кард.
Бояд гуфт, ки бештар аз 500 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон то ҳол таъйину аломатгузорӣ нашудааст ва низоъ ҳам барои замину обу чарогоҳ ва ҳаракат дар минтақаҳои беаломат сар мезанад.
Ёдовар мешавем, ки бори охир вазъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон 14-18-уми сентябр муташанниҷ гардид. Бар асари муноқишаҳои марзӣ аз ҷониби Тоҷикистон бештар аз 70 нафар, аз ҷумла ғайринизомиён, духтурон ва занону кӯдакон кушта ва садҳо нафар маҷрӯҳ гардиданд.




Сомони под давлением: как изменились курсы валют после начала войны в Иране
В Таджикистане сменился детский омбудсмен
Как чувствует себя старейшая женщина Таджикистана?
«Шоди Идона»: вкусные традиции Рамадана и подарок для семейного стола
ВИЧ без дефицита: Таджикистан переходит на самообеспечение препаратами для лечения инфекции
Можно ли девушкам поступить в Исламский институт Таджикистана?
Таджикский боец подписал контракт с ONE Championship
Александр Лукашенко позвал "трудолюбивых" жителей Узбекистана в Беларусь вместе с семьями
Жужанна Харгитай: Малый бизнес - ключ к созданию рабочих мест
Фаридун Одилов вызывает на бой Даурена Ермекова: старое противостояние может продолжиться
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста