Пас аз чандин соли баҳсу мунозира оид ба зарурати диверсификатсия раванди муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷи кишвар, ахиран Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гуруҳи муҳоҷирони кишварро барои кор ба Британияи Кабир фиристод. Қаблан дар хусуси муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон ба давлатҳои арабӣ низ гуфтумонҳо вуҷуд доштанд.
Ҳафтаи ҷорӣ, 10-уми октябр, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуруҳи аввалини шаҳрвандони кишварро дар асоси қарордоди дуҷониба бо мақомоти расмии Корея, барои кор ба ин кишвар сафарбар намуд.
Ин аввалин маротиба аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба таври расмӣ ба Корея барои муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. То ин рӯз, ҳарчанд ҳолатҳои муҳоҷирати тоҷикон ба Корея мушоҳида мешуд, аммо он оммавӣ набуд ва ин самт ҳоло барои муҳоҷирони тоҷик ғайримаъмул боқӣ мемонад. Агар то ин лаҳза муҳоҷирони тоҷик асосан ба Русия сафар мекарданд ва то андозае аз қоидаи будубош ва шарои кор дар ин кишвар огоҳ буданд, давлати Корея ва муҳоҷират ба он барои шаҳрвандони Тоҷикистон нав аст.
Аз ин лиҳоз, “Asia-Plus” муҳоҷири тоҷикеро, ки чанд сол аст дар Корея фаъолият мекунад, пайдо намуд, то барои хонандагон дар хусуси роҳҳои муҳоҷират, шароити кор, муносибати кореягиҳо ва музди меҳнат дар ин кишвар маълумот пешниҳод намояд.
Сурайё Бобоназарова, муҳоҷирзани тоҷик аст, ки чаҳор сол ин ҷониб дар Корея фаъолият мекунад ва ба ин кишвар бе мусоидаи мақомот, балки худ сафар кардааст. Аз ин сабаб, аввалин саволе, ки мо аз ӯ пурсидем, дар хусуси чӣ гуна ба Корея рафтанаш буд.
- Ман шаҳрвандии Русияро гирифтаам ва ба ҳайси сайёҳ вориди Корея шудам. Ҳамчун сайёҳ ман ҳақ дорам, ки то се моҳ дар ин кишвар зиндагӣ кунам ва дар як сол се маротиба ба Корея биёям.
- Арзиши раводид ба Корея чӣ қадар аст?
- Ростӣ, дар хусуси арзиши раводид маълумоти пурра надорам, аз ин лиҳоз намехоҳам маълумоти носанҷида ироа намоям. Вақте чор сол пеш ба сафорати Корея дар Душанбе муроҷиат кардам, онҳо се навъи раводидро пешниҳод намуданд: барои донишҷӯён, бо шарти доштани дархости донишгоҳи Корея, барои табобат бо дархости бемористон ва барои тиҷорат. Барои муҳоҷират он замон раводид намедоданд.
- Ҳоло баъзе ширкатҳое пайдо шудаанд, ки ваъдаи мусоидат дар гирифтани раводидро медиҳанд. Мешавад ба онҳо бовар кард?
- Воқеан дуруст, ин гуна ширкатҳо дар ҳама ҷой ҳастанд. Ҳам дар Русия ва ҳам дар Тоҷикистон қаллобон ҳастанд. Аз ин лиҳоз, набояд ба ин гуна ширкатҳо бовар кард. Танҳо аз сафорат бояд раводид гирифт.
- Ба ҳар ҳол, ҳастанд нафароне, ки ғайриқонунӣ ба Корея рафтаанд ё иқомат доранд. Оё бе риояи муқаррароти қонун рафтан ё иқомат кардан пайомаде дорад?
- Ҳатман, ки муҷозот пешбинӣ гардидааст. Барои ҳамин беҳтар аст, ки бо роҳи қонунӣ ба кор биёянд. Пайдо кардани нафароне, ки ғайриқонунӣ дар ин ҷо кору зиндагӣ доранд, мумкин аст, аммо кам.
- Қонуну қоидаи будубош ва фаъолият дар Корея чӣ гуна аст? Он ҷо низ патент лозим аст?
- Бо фарқ аз Русия, дар Корея доштани патент ё иҷозаи фаъолият шарт нест. Корфармо ӯҳдадор аст, ки аз даромади шумо, яъне аз маоши шумо бояд андоз пардохт кунад.
Қайди расмӣ дар макони будубош ҳатмӣ аст ва бисёре аз онҳое, ки ба шумо манзилашонро ба иҷора медиҳанд, омодаанд шуморо дар қайди хона гузоранд.
Ҳамчунин, доштани бима ҳам хуб аст. Дар ҳолати беморӣ коргоҳ қисме аз хароҷоти шуморо барои табобат пардохт мекунад.
- Чӣ гуна дар Корея кор ёфтан имконпазир аст?
- Агар муҳоҷири ба ин кишвар сафаркунанда забони кореягиро донад, пайдо кардани кор мушкил нест, аммо агар забонро надонед, мисли ҳар гӯшаи дунё як каме мушкилӣ пеш меояд. Аммо бо гузашти муддате, роҳҳои гуногуни пайдо кардани корро меомӯзед.
Як роҳи маъмулаш бевосита ҷустуҷӯ намудани кор аст. Яъне вақте дар Корея ҳастед, кор мекобед, бо ҳар роҳ – рекламаҳо, эълонҳоро мебинед ё меравед ба коргоҳҳо. Ҳастанд нафароне, ки корро тавассути интернет аввал пайдо мекунанд, баъд ба Корея мебиёянд. Ҳамчунин, ширкатҳое ҳастанд, ки бо кор таъмин мекунанд ва барои ин подоши худро мегиранд. Дар ин ҳолат, бояд диққат диҳед, ки ба ягон ширкати қаллоб муроҷиат накунед.
- Ҳаққи кор дар он кишвар чӣ гуна аст?
- Ман ҳудуди се сол мешавад, ки дар ин ҷо кор мекунам ва соли аввали омаданам 80 ҳазор вон (вон асъори Корея) мегирифтам. 10 дарсади ҳаққи корамро ба ширкате мепардохтам, ки бароям кор меёфт ва рафту омадамро то ҷойи кор таъмин мекард. Аммо имсол бо сабаби афзоиши нархҳо маоши ман низ беҳтар шуд. Айни ҳол барои як рӯзи корӣ 90 доллар мегирам.
- Тоҷикҳо дар Корея асосан ба чӣ корҳо машғул мешаванд?
- Муҳоҷирони мо бештар дар заминҳо, сохтмон ва ё заводҳо, ки дар он ҷойҳо қувваи корӣ намерасад, фаъолият мекунанд. Занҳо бошад ба рӯбучин бештар ҷалб мешаванд.
- Муносибати кореягиҳо бо муҳоҷирон чӣ гуна аст?
- Дар умум, кореягиҳо одамони хуб, кунҷков ва дилсӯз ҳастанд. Мепурсанд, ки аз куҷо ҳастӣ, кор ба ту мушкил аст ё не, чанд фарзанд дорӣ, Корея ба ту писанд аст ё не ва ба ҳамин монанд. Масалан, ман чанд маротиба дар метро роҳгум зада будам, ки кореягиҳо аз баҳри кори худашон гузашта, вақташро сарф карда, ба ман кӯмак карданд. Аммо боз ҳам намешавад гуфт, ки ҳама хуб аст, пайдо мешаванд одамоне, ки муносибати номақбул мекунанд, аммо хеле кам.
- Кадом бахшҳои бозори меҳнат дар ин кишвар ба қувваи кории муҳоҷирон бештар ниёз дорад?
- Аз сабабе, ки дар ин ҷо заводҳо бисёр асту нерӯи корӣ намерасад, мардҳо бештар ба заводҳо ҷалб мешаванд. Аз моҳи март то ноябр ба корҳои заминӣ низ муҳоҷирон ҷалб карда мешаванд, аммо барои кор дар замин саломатии хуб лозим аст.
- Оё дар Корея муҳоҷири тоҷик зиёд аст? Шумо бо онҳо дар тамос ҳастед?
- Шояд бошан, аммо дар ҳамин шаҳре, ки ман зиндагӣ мекунам фикр мекунам, як ман аз Тоҷикистон дар ин ҷо муҳоҷир ҳастам. Аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳоҷир хеле зиёд аст, аммо тоҷикон нисбатан камтар.
- Ба нафароне, ки нияти муҳоҷират ба Кореяро доранд, чӣ тавсия медиҳед?
- Пеш аз ҳама омӯзиши забонро тавсия медиҳам. Агар забони кореягиро донанд, кор пайдо кардан осон мешавад ва ҳам бо маоши хуб кор меёбанд.
«Сомон Эйр» приостановила рейсы в московский аэропорт «Внуково»
В мировом рейтинге процветания Таджикистан оказался не последним в регионе
Подарите себе новый автомобиль JAC с выгодными бонусами!
Подозреваемому в убийстве Кириллова узбекистанцу предъявили обвинение по трем статьям УК
Еда вкусная, дезертиров нет, но кому жаловаться – не знаем: Как соблюдаются права солдат в армии Таджикистана?
Известный российский тренер возглавил кулябский «Равшан»
Авария на высоковольтной подстанции оставила часть Душанбе без света
Какое место среди стран Центральной Азии занимает сборная Таджикистана по итогам сезона-2024
Афиша от «Азия-Плюс»: «Музыка чудес» Людовико Эйнауди, «Группа Neka и гости» и рождественский концерт
Таджикистан назвали самой зависимой от Китая страной в Центральной Азии
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста