Диловар Маҳмадқулов, як сокини шаҳри Истаравшан бо иттиҳоми ба муомилот баровардани 90 ҳазор сомонии пулҳои қалбакӣ дастгир шудааст. Дар ин бора дар гузориши телевизионии “Пайки Суғд” хабар дода мешавад.

Дастгиршуда 90 ҳазор сомонии қалбакиро, ки ҳамагӣ пулҳои 50-сомонӣ буд, ба муомилот бароварда, бо он мошину чорво харидааст. Ба гуфтаи манбаъ, ин пулҳои қалбакӣ аз намунаи ҳаққонияш кам фарқ дошт ва номбурда шабона муомилот анҷом медод, ки сохтакорияш ошкор нашавад.

Боздошти ӯ аз ҷониби кормандони шуъбаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддири РВКД вилояти Суғд бар асоси муроҷиати ду ҷабрдида - Алишер Нурматзода, сокини ноҳияи Спитамен ва Мирзохоҷа Хоҷаев, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов сурат гирифтааст.

Ҷабрдидаҳо

Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД вилояти Суғд, хабар медиҳад, ки шаҳрванд Диловар Маҳмадқулови 30-сола ба яке аз ҷабрдидаҳо ҳангоми фурӯхтани мошинаш ва ба дуюмӣ ҳангоми фурӯхтани гов бо пулҳои қалбакӣ “ҳисобу китоб” кардааст.

Акбар Шарифӣ гуфтааст, Маҳмадқулов пулҳои қалбакии арзишашон 50 сомониро ба муомилот бароварда, аз ҷумла дар ивази 74 ҳазор сомонӣ аз Алишер Нурматзода мошинии тамғаи “Киа Оптима”-ро харидорӣ карда, ба ӯ танҳо 400 сомонӣ пули мошинро бо пули ҳақиқӣ ва 73 ҳазору 600 сомонии боқимондаро бо 50 сомониҳои қалбакӣ пардохт кардааст.

Ҳамин тавр, Маҳмадқулов аз чорвобозори ҷамоати Ғӯлакандози ноҳияи Расулов аз Мирзохоҷа Хоҷаев як сар чорвои калонро бо нархи 10 ҳазор сомонӣ харида, ба ӯ ҳам бо пулҳои қалбакиро додааст.

Алишер Нурматзода дар ин навори РВКД-и Суғд мегӯяд, “мошинамро дар сомонаи “Somon.tj” ба фурӯш гузошта будам, вале ҳеҷ  гумон надоштам, ки ба ман дар ивази мошин пули қалбакӣ медиҳанд”.

Мирзохоҷа Хоҷаев ҳам гуфтааст, “соати чоруними саҳар буд ва вақти ҳисобу китоб, ки ҳанӯз торик буд, ба пулҳо дуруст аҳамият надодам. Фақат ҳисоб карда гирифтам, ки 200 панҷоҳсомонӣ буд”.


Ин ду ҷабрдида баъдтар, хабар меёбанд, ки ба онҳо пулҳои қалбакӣ дода шудааст.

Ба гузориши “Пайки Суғд”, Диловар Маҳмадқулов барномасоз ва танзимгар аст ва гумон меравад, ки пулҳои қалбакиро худаш тайёр кардааст.

“83 ҳазору 600 сомоние, ки ӯ ба муомилот бароварда буд, аз рӯи ранг, ҳаҷм, сурат ва дигар нишондиҳандаҳо ба пулҳои ҳақиқӣ хеле монанд будаанд”, -гуфта мешавад хабар.

Ба иттилои манбаъ, дар таҷрибаи милитсияи Суғд ин нахустин мавриди кӯшиши ба муомилот баровардани пулҳои қалбакии сомонӣ аст, ки пешгирӣ шуд.

Ба Диловар Маҳмадқулов бар асоси қисми дуюми моддаи 281 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои тайёр кардан ва ба муомилот баровардани пулҳои қалбакӣ ҳамчун ҷазо аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.